Макотиби олӣ маблағи шартномаро имсол зиёд намекунанд!

Як мансабдор аз ҳукумати Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки тибқи қарори президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев аз 23 июн, дар соли хониши 2017/18 маблағи шартномаи таҳсил дар мактаҳои олӣ боло нахоҳад рафт.

Тибқи қарори мазкур, вазорати молия ва вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ӯзбекистон шартномаи соли хониши 2017/18-ро бе тағйир боқӣ мемонанд.

Ҳамасола дар Ӯзбекистон баъди эълони натиҷаи имтиҳонҳои қабул дар охири моҳи август, ҳаҷми маблағи шартнома боло бардошта мешавад. Барои мисол, соли 2016 маблағи шартнома нисбати соли 2015 15 дарсад боло бурда шуд. Ҳоло таҳсили шартномавӣ дар факултаҳои пурнуфуз наздики 10 миллион сӯм (10 ҳазор доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.

«Табиист, ки миёни 10 миллион сӯми соли гузашта ва 10 миллион сӯми соли ҷорӣ фарқи зиёд аст. Беқурбшавӣ идома дорад. Аммо соли ҷорӣ донишгоҳҳо шумори зиёди донишҷӯёнро дар асоси шартномаҳои иловагӣ қабул мекунанд. Аз ҳамин хотир, фармони нави президент ба буҷаи донишгоҳҳо таъсир намерасонад», — гуфт манбаъ аз ҳукумати Ӯзбекистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *