Мактаби деҳаи Нилкон ба номи Кароматуллоҳи Мирзо гузошта шуд
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47-и деҳаи Нилкони ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ ба номи Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо номгузорӣ гардид. Дар ин бора аз ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ба pressa.tj хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки 30 сентябр ин масъала дар маҷлиси Иҷлосияи 9-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, даъвати 7-ум мавриди баррасӣ қарор гирифта қарори дахлдор бароварда шудааст.
Ин иқдом арҷгузорӣ ба шахсияти адабӣ ва саҳми Кароматулло Мирзо дар рушди адабиёт ва фарҳанги тоҷик арзёбӣ мешавад.
Номи нависанда бо зодгоҳаш деҳаи Нилкон пайванди ногусастанӣ дошт. Ӯ 25 апрели соли 1942 дар ҳамин деҳа ба дунё омадааст. Соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм карда, фаъолияти меҳнатиашро аз омӯзгорӣ оғоз намуд.
Кароматулло Мирзо солҳои минбаъда дар соҳаи матбуот ва нашриёт фаъолият карда, дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони Советӣ», инчунин нашриётҳои «Маориф» ва «Адиб» кор кардааст. Ӯ мудири шуъбаи адабиёт ва фарҳанги «Тоҷикистони Советӣ», сармуҳаррир ва роҳбари нашриёти «Адиб» ва солҳои баъдӣ мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ҳамчунин дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба фаъолияти адабӣ ва ҷамъиятӣ машғул шуд.
Мероси адабии Кароматулло Мирзо аз ҳикоя, очерк, қисса ва романҳо иборат буда, асарҳои «Дар орзуи падар», «Марги бегуноҳ», «Деҳаро хоб мебинам» ва дигар навиштаҳояш дар байни хонандагон маҳбубияти зиёд пайдо кардаанд. Романи «Дар орзуи падар» ба шакли силсилафилм низ таҳия шуда, берун аз Тоҷикистон низ шуҳрат пайдо кардааст.
Кароматулло Мирзо барои саҳми арзандааш дар адабиёти тоҷик ба унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон ва Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ сазовор гардидааст. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ӯро аз соли 2001 дар феҳристи Нависандагони халқии Тоҷикистон сабт кардааст.
Устод Кароматулло Мирзо 20 октябри соли 2025 дар синни 83-солагӣ даргузашт. Тибқи васияти худи нависанда, ӯ дар зодгоҳаш Нилкон, дар канори падар – эшони Мударрис Мирзои Мирҳайдар, ба хок супурда шуд.
Номгузории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 ба номи Кароматулло Мирзо дар зодгоҳи адиб метавонад барои шиносонидани насли наврас бо ҳаёт ва мероси адабии ӯ ва таҳкими эҳтиром ба арзишҳои илму адаб аҳамияти муҳим дошта бошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ