Афзоиши саромоияи соҳибкорони тоҷик дар Ӯзбекистон

Дар як соли охир шумораи корхонаҳое, ки бо сармояи соҳибкорони Тоҷикистон дар Ӯзбекистон фаъолият мекунанд, 118 адад афзудааст.  
 
Тибқи иттилои Кумитаи миллии омори Ӯзбекистон, то 1 сентябри соли 2026 дар ин кишвар 483 корхона бо сармояи Тоҷикистон фаъолият мекунад. Як сол пеш шумораи чунин корхонаҳо 365 адад буд. Ҳамин тавр, дар давоми як сол афзоиш тақрибан 32%-ро ташкил додааст.
Аксари корхонаҳои дорои сармояи тоҷикӣ дар Ӯзбекистон дар бахшҳои савдо, саноат, сохтмон, иттилоот ва алоқа, хизматрасонии манзилу хӯрокворӣ, нақлиёт, тандурустӣ, кишоварзӣ, ҷангал ва моҳипарварӣ фаъолият мекунанд.
Аз рӯи шумораи корхонаҳои дорои сармояи хориҷӣ Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар ҷойи ҳаштум қарор дорад. Дар садри рӯйхат Чин бо 6436 корхона қарор гирифтааст. Баъдан Русия бо 3589, Туркия бо 2365, Қазоқистон бо 1345, Кореяи Ҷанубӣ бо 739, Афғонистон бо 725 ва Озарбойҷон бо 503 корхона меоянд.
Ҳузури тиҷорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон низ рӯ ба афзоиш аст. Тибқи маълумоте, ки моҳи марти соли 2026 дар ҷараёни музокироти вазирони ду кишвар садо дод, дар Тоҷикистон 116 корхона бо иштироки сармояи ӯзбекистонӣ фаъолият мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *