Шаҳрвандони хориҷӣ дар Душанбе фоҳишахона ташкил доданд.
Тибқи иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Душанбе, шаҳрвандони як кишвари хориҷӣ дар меҳмонхонаи HULBUK PALACE дар ноҳияи Шоҳмансур як маркази фароғатӣ ташкил карданд, ки баъдан онро ба фоҳишахона табдил доданд.
Ташкилкунандагон як гурӯҳ занони хориҷиро барои расонидани хидматҳои ҷинсӣ ҷалб карданд.
Инчунин ВКД хабар медиҳад, ки алайҳи гумонбарони асосӣ аллакай парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва нисбати 22 зан ва дигар шаҳрвандоне, ки дар ин фаъолиятҳо даст доранд, айбномаҳои маъмурӣ пешниҳод шудаанд, пас аз онҳо аз кишвар хориҷ карда мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ