Нишонҳои Тоҷикистон ба 8 адад расид

Варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Осиё, ки дар Айчӣ-Нагояи Ҷопон идома дорад, то рӯзи 9-уми мусобиқа 8 нишон ба даст оварданд, ки 2 нишони тило, 3 нишони нуқра ва 3 нишони биринҷӣ аст.
Нишонҳои тилоро Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар муҳорибаи омехта (ММА) соҳиб шуда буданд. Ду нишони нуқраи аввалро Беҳрӯз Хуршедзода дар муҳорибаи омехта ва Шакармамад Мирмамадов дар куштии кураш, нишони биринҷии аввалро Махсатулло Муъминов дар каратэ ба даст оварда буданд.
Дар идома, паҳлавони тоҷик Сарвар Абдушукуров (-66 кг) дар кураш ба гирифтани нишони биринҷӣ ноил шуд. Дар марҳилаи нимниҳоӣ Сарвар аз намояндаи дигари Тоҷикистон Ёсин Бобокалонов шикаст хӯрда, сеюм шуд.
Ёсин Бобокалонов (-66 кг) корномаашро идома дода, ба гирифтани нишони нуқра шарафёб гардид. Дар финал Ёсин аз намояндаи Эрон Воҳид Бариманлу шикаст хӯрд
Ҳамчунин, муштзани тоҷик Акмал Убайдов (60 кг) ба гирифтани нишони биринҷӣ мушарраф гардид. Убайдов дар марҳилаи нимниҳоӣ аз Донгҳван Ҷанг аз Куриёи Ҷанубӣ (0:5) шикаст хӯрд ва соҳиби нишони биринҷӣ шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *