Дар Хатлон зани ҷавон бо духтари 3-солааш гум шудааст
Наздик ба 20 рӯз аст, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон як зани 23-сола ҳамроҳи духтари 3-солааш бедарак шудааст. Мақомоти ноҳия барои пайдо кардани онҳо аз сокинон ёрӣ хостаанд.
Тибқи иттилои Ҳукумати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Сарвиноз Қурбонова, сокини деҳаи С. Кароматуллои ҷамоати деҳоти Навобод, субҳи 12 сентябр ҳамроҳи духтари хурдсолаш Нилуфар Давлатмуродзода аз хона баромада, то ҳол ба манзил барнагаштааст.
Ҷузъиёти дигари гум шудани модару кӯдак ва самти эҳтимолии ҳаракати онҳо ҳанӯз маълум нест.
Мақомот нишонаҳои Сарвиноз Қурбоноваро чунин шарҳ додаанд: қадаш тақрибан 160-165 сантиметр буда, ҳангоми аз хона баромадан либоси занонаи сиёҳ дар бар, рӯймоли кабуд дар сар ва пойафзоли сиёҳи занона дар пой доштааст. Дандонҳояш сафеди одӣ буда, ба гуфтаи мақомот, гирифтори бемории рӯҳӣ нест.
Ҳукумати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар сурати дидани Сарвиноз Қурбонова ва духтараш ё доштани ягон маълумот дар бораи ҷойи будубоши онҳо, ба мақомоти корҳои дохилӣ хабар диҳанд.
Барои ирсоли маълумот метавон бо рақамҳои зерин тамос гирифт:
93 837 07 00
90 345 10 00
8 32 47 4 21 21
8 32 47 4 35 02
Мақомот аз сокинон даъват кардаанд, ки ҳар гуна маълумоти марбут ба ҷойи будубоши модару кӯдакро фавран ба сохторҳои дахлдор расонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ