Рубио бо намояндагони беш аз 100 ширкати амрикоӣ ба Самарқанд меравад
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, нимаи моҳи октябри соли равон бо як ҳайати бузурги тиҷоратӣ ба шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон сафар мекунад. Интизор меравад, ки дар ин сафар ӯро намояндагони беш аз 100 ширкати амрикоӣ ҳамроҳӣ кунанд. Рубио ҳамзамон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии формати C5+1 иштирок хоҳад кард.
Дар бораи сафари дарпешистода Серҷио Гор, намояндаи вижаи Иёлоти Муттаҳида дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи сафар густариши шарикии стратегии Амрико бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, тақвияти ҳамкориҳои дипломатӣ ва рушди муносибатҳои тиҷоратию сармоягузорӣ мебошад.
Ин нахустин сафари Марко Рубио ба Осиёи Марказӣ дар мақоми вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида хоҳад буд. Дар доираи сафар ӯ дар нишасти C5+1 бо вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунад.
Механизми C5+1 Иёлоти Муттаҳида ва панҷ кишвари Осиёи Марказиро ба ҳам меорад. Ин формат аз соли 2015 фаъол буда, нахустин мулоқоти вазирони корҳои хориҷии он низ дар Самарқанд баргузор шуда буд.
Ба иттилои ҷониби Амрико, дар ҷаласаи навбатӣ масъалаҳои густариши робитаҳои иқтисодии минтақавӣ, амнияти энергетикӣ ва роҳҳои ҳалли муштараки масъалаҳои муҳими Осиёи Марказӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Ҳамчунин тавсеаи тиҷорат, ҷалби сармояи бахши хусусӣ ва дастгирии навсозии иқтисоди кишварҳои минтақа аз мавзуъҳои асосии музокирот хоҳад буд.
Ҳузури намояндагони беш аз 100 ширкати амрикоӣ ба сафари Рубио паёми муҳими иқтисодӣ медиҳад. Тибқи иттилои расонаҳои Ӯзбекистон, Вашингтон ва Тошканд тайи солҳои охир бахшҳои энергетика, нақлиёт, маъданҳои муҳим, технологияҳои рақамӣ ва кишоварзиро ҳамчун самтҳои эҳтимолии тавсеаи ҳамкорӣ муайян кардаанд.
Интизор меравад, ки Марко Рубио дар ҷараёни сафар бо роҳбарияти Ӯзбекистон ва намояндагони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ мулоқот кунад. Дар ин гуфтушунидҳо масъалаҳои афзоиши гардиши савдо, ташвиқи сармоягузории хусусӣ ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ баррасӣ мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ