Марди арсаи ҳунар

Бо чунин унвон маҷмуаи тмақолаву ёддошт, мусоҳиба ва шеърҳо ба гиромидошти шахсият ва мероси адабии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Сафармуҳаммад Айюбӣ бо теъдоди 500 нусха дар нашриёти «Эр-граф» бо сифати баланд аз чоп баромад.

Дар маҷмуа хотираҳо, мусоҳибаҳо, лутфҳо, сӯгномаҳо ва шеърҳои эҳдошуда ба устод Сафармуҳаммад Айюбӣ гирдоварӣ гардидаанд, ки аз дидгоҳҳои мухталиф симои адабиву эҷодии шоир ва драматурги маъруфро бозгӯ мекунанд.

Мақолаҳо ва дигар маводҳои дар китоб ҷойёфта ба қалами аҳли илму адаб ва фарҳанги ҷумҳурӣ ва шахсиятҳои шинохтаи илму адаби хориҷӣ тааллуқ дошта, ба таври фарогир рӯзгор, фаъолияти эҷодӣ ва арзиши осори устод Сафармуҳаммад Айюбиро шарҳу тавзеҳ медиҳанд.

Мураттибони китоб Симо Айюбӣ (духтари шоир) ва Ғанизода Муҳаммади Кангуртӣ (набераи шоир) мебошанд, ки бо эҳсоси баланди масъулият ва арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои устод Сафармуҳаммад Айюбӣ ин маҷмуаро омода намудаанд.

Қобили зикр аст, ки китоб дар як муддати кӯтоҳ таҳия ва ба нашр расид. Он аз 488 саҳифа, 7 боб ва бахши алоҳидаи аксҳои таърихии шоир иборат мебошад.

Маҷмуа ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-солагии шоир ба табъ расонида шудааст.

Китоб барои дӯстдорони адабиёт, муҳаққиқон ва ҳаводорони эҷодиёти устод Сафармуҳаммад Айюбӣ хеле муфид ва хонданбоб мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *