Пули боварӣ. Бардошти Назира Қамчибекова аз сафараш ба Душанбе (видео)

Зимни боздиди рӯзноманигорони қирғиз ба идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба хабарнигори мо имкон даст дод, ки бо ёрдамчии сухангӯйи Президенти Қирғизистон Назира Қамчибекова суҳбати кӯтоҳе анҷом диҳад. Ин суҳбатро манзури шумо мегардонем.

– Хонум Назира, ба Тоҷикистон хуш омадед!

– Ташаккур.

– Таассуроти нахустини шумо аз Душанбе чӣ гуна аст?

– Таассуроти нахустини ман аз шаҳри Душанбе бисёр гуворо аст. Шаҳрро офтобӣ, сарсабз, тозаву озода ва меҳмоннавоз дарёфтам. Махсусан тозагии шаҳр касро ба ҳайрат мегузорад.

– Чӣ бештар ба шумо дар Душанбе писанд омад?

– Албатта, мардуми меҳмоннавоз ва меҳрубони Душанбе, ки дар ҳама ҳолат ҳозиранд бо чеҳраи кушодаву пуртабассум ба меҳмонон дасти мадад дароз кунанд. 

– Вақте мо ба кишваре сафар мекунем, ҳатман чизҳое ҳаст, ки моро ба ҳайрат меорад. Чӣ шуморо дар ин сафар ба ҳайрат овард?

– Сарсабзии Душанбе. Дар шумо анъанаи шаҳри сабз ҳифз мешавад. Ба ман гуфтанд, ки Ҳукумати шаҳри Душанбе ҳам ба ин масъала бисёр таваҷҷуҳ дорад ва барои зебоиву шукуфоии Душанбе кӯшиш ва маблағи зиёд равона мекунад. Дар шароити тағйирёбии иқлим ва гарм шудани ҳаво сарсабз нигоҳ доштани боғу гулгаштҳои шаҳр ва рушди “шаҳри сабз” осон нест, вале бисёр муҳим аст.  

– Шумо бо рӯзноманигорони тоҷик ошно шудаву суҳбат кардед. Чӣ умумият дар кори рӯзноманигорони ду кишвар ҳаст?

– Бале, хушбахтона ба банда чунин имкон даст дод, ки бо ҳамкасбони тоҷик шинос шавам ва бо фаъолияти онҳо ошноӣ пайдо кунам. Умумияти кори рӯзноманигорони ду кишвар дар он зоҳир мешавад, ки дар ҳар ду кишвар журналистон аз пайи адои рисолати касбии хеш ҳастанд ва мехоҳанд иттилооти саҳеҳро ба мухотабонашон расонанд. Албатта, ҳам дар Қирғизистон ва ҳам дар Тоҷикистон раванди гузариш ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ босуръат идома дорад. Вале барои банда як нукта бисёр хушоянд аст, ки инъикоси дӯстии Тоҷикистону Қирғизистон дар кори рӯзноманигорони ду кишвар эҳсос мешавад. Воқеан, мо бояд дар оянда чунин кор кунем, ки ба рушди муносибати кишварҳо, ҳифзи ҳусни ҳамҷаворӣ ва дӯстии мардумонамон мусоидат кунад.

– Боз чӣ чизҳо аз сафари Тоҷикистон барои шумо хотирмон буд?

– Ҳама чиз аз ин сафар хотирмон аст. Шуруъ аз пешвози самимӣ, то ошноӣ бо ҳамкасбони тоҷик ва тамошои табиати нотакрор ва анъанаҳои наврӯзии мардуми тоҷик.

– Ба дӯстони қирғиз дар бораи Тоҷикистон чӣ хоҳед гуфт?

– Тавсия медиҳам, ки ҳатман ба Тоҷикистон, ба шаҳри зебои Душанбе биёянд, тамошо кунанд ва аз табиати зебои он баҳра баранд.

– Худатон нияти боз ба Тоҷикистон омадан доред?

– Албатта, мехоҳам, ки на дар доираи сафари корӣ, балки бо хонаводаам ба саёҳати Тоҷикистон оям. 

Мусоҳиб: Рухшона НОРОВА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *