Ҷанги Эрон ва Амрико. Оғози буҳрони шадиди ҷаҳонӣ

Ҳафтаҳои ахир вазъи амниятӣ дар Ховари Миёна ба марҳилаи бисёр ҳассос ворид шудааст. Гузоришҳо дар бораи омодагии эҳтимолии Пентагон барои амалиёти заминӣ дар хоки Эрон, ҳамзамон бо изҳороти зиддунақизи сиёсатмадорони амрикоӣ ва посухҳои тунди Теҳрон, нишон медиҳанд, ки ҷаҳон шоҳиди як навъ вазъи печида ва мураккаб аст.

Воқеият ё фишори сиёсӣ?

Гузориши рӯзномаи “The Washington Post” дар бораи омодасозии тарҳи амалиёти заминӣ аз ҷониби Амрико, баҳсҳои зиёдеро барангехт. Тибқи ин гузориш, сухан дар бораи як амалиёти маҳдуди чандҳафтаина меравад, ки метавонад ба нуқтаҳои стратегии Эрон, аз ҷумла ҷазираи Хорг ва минтақаҳои наздик ба гулӯгоҳи Ҳурмуз равона шавад.

Бо вуҷуди ин, Кохи Сафед ин иттилоъро танҳо “қисме аз нақшаҳои эҳтимолӣ” номид. Ин гуна вокуниш коршиносонро ба ин хулоса овардааст, ки Вашингтон мехоҳад ҳамзамон ду паём фиристад – аз як тараф омодагӣ ба иқдомоти сахт, яъне таҳдид; аз ҷониби дигар боз нигоҳ доштани дарҳои дипломатия.

Вале аксари коршиносон бар он ҳастанд, ки Амрико дар ҳолати бисёр ҳассос қарор дорад, зеро сенарияи имрӯзаи ҷанг бо Эронро интизор набуд. Аз оғоз Амрико ва Исроил нақша доштанд, ки бо аз миён бурдани мақоми раҳбарӣ ва афсарони баландпояи Эрон низом суқут мекунад ва ҷанг ба охир хоҳад расид, вале ин ҷанг як моҳ аст идома дорад ва тамоми минтақаро ба оташ кашидааст.

Изҳороти зиддунақиз

Сиёсати Амрико дар ин буҳрон якранг нест. Аз як тараф, вазири корҳои хориҷӣ Марко Рубио мегӯяд, ки Вашингтон метавонад “бидуни нерӯҳои заминӣ” ба ҳадафҳои худ бирасад. Аз ҷониби дигар, худи Доналд Трамп аз “ҳама дарҳо бозанд” ҳарф мезанад.

Ин зиддият тасодуфӣ нест. Дар воқеъ, ин як қисми стратегияест, ки онро метавон “номуайянии идорашаванда” номид. Бо чунин равиш, Амрико мекӯшад рақибро дар ҳолати интизорӣ ва ноитминон нигоҳ дорад.

Аммо ин стратегия хатар ҳам дорад, ҳар қадар, ки паёмҳо норавшан бошанд, эҳтимоли иштибоҳи ҳисоб зиёд мешавад. Ва дар сатҳи низомӣ, як иштибоҳи хурд метавонад ба як низои бузург табдил ёбад.

Махсусан, коршиносонро изҳороти зиддунақизи Доналд Трамп, ки дар як рӯз метавонад 4-5 маротиба фикрашро тағйир диҳад, ба ҳайрат овардааст.

Қалби энержии ҷаҳон

Яке аз нуқтаҳои калидии ин буҳрон, бешубҳа, гулӯгоҳи Ҳурмуз мебошад. Ин масири танг, ки ҳудуди 20 дарсади нафти ҷаҳон аз он мегузарад, аҳамияти стратегии фавқулода дорад.

Ҷазираи Хорг, ки тибқи гузоришҳо метавонад ҳадафи ҳамла қарор гирад, маркази асосии содироти нафти Эрон аст, ки то 90%-и нафти ин кишвар аз ин тариқ содир мешавад. Ин маънои онро дорад, ки ҳар гуна амалиёти низомӣ дар ин минтақа на танҳо ба Эрон, балки ба иқтисоди ҷаҳонӣ зарба мезанад.

Баста шудани гулӯгоҳ аллакай таъсири худро ба иқтисоди ҷаҳон гузоштааст, аз ҷумла нархи нафт беш аз 50% боло рафт, нигарониҳо дар бозори ҷаҳонӣ афзоиш ёфт ва фишор ба иқтисоди вобаста ба энержӣ зиёд шуд.

Ин нишон медиҳад, ки ҷанг дар ин минтақа фақат байни Амрико ва Эрон ё Эрону Исроил нест, балки ба иқтисоди ҷаҳон таъсири амиқ мерасонад.

Омодагӣ ба сенарияҳои гуногун

Бо идомаи танишҳо, Амрико ҳузури низомии худро дар минтақа афзоиш медиҳад. Интиқоли киштии ҷангии USS Tripoli бо ҳазорон нерӯи дарёӣ ва омодагии сафарбарсозии то 10 ҳазор сарбози иловагӣ нишон медиҳад, ки Вашингтон ба сенарияҳои гуногун омода мешавад.

Коршиносон инро ду навъ шарҳ медиҳанд. Гурӯҳе бар онанд, ки Амрико ба амалиёти эҳтимолӣ омода мешавад. Вале гурӯҳи дигар бар онанд, ки Амрико мехоҳад рақибро тарсонад. 

Посухи тунди Эрон

Вале воқеиятҳо нишон медиҳанд, ки ҳеҷ кадоме аз сенарияҳои Амрико Эронро наметарсонад. Ҷониби Эрон ба таҳдидҳои Амрико посухҳои тунд медиҳад. Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси парлумони Эрон Амрикоро ба “дугонагии сиёсӣ” муттаҳам карда, мегӯяд, ки Вашингтон зоҳиран аз музокира ҳарф мезанад, вале пинҳонӣ барои ҳамла омодагӣ мебинад.

Изҳороти ӯ, ки “мардони мо интизори вуруди нерӯҳои амрикоӣ ҳастанд”, бештар хусусияти таблиғотӣ дорад, аммо ҳамзамон нишон медиҳад, ки Теҳрон омода аст муқовимати шадид нишон диҳад.

Илова бар ин, ҳукумати Эрон бо ташкили тазоҳурот ҳатто дар шароити ҳамлаҳои ҳавоӣ кӯшиш мекунад рӯҳияи дохилиро нигоҳ дорад. Аммо ин иқдомҳо боиси талафоти ғайринизомиён низ шудааст, ки худ як масъалаи ҷиддии башардӯстона мебошад.

Бритониё ва муттаҳидон: канорагирӣ бо эҳтиёт

Дар миёни муттаҳидони Ғарб мавқеи Кир Стармер ҷолиб аст. Ӯ ошкоро изҳор дошт, ки Бритониё ба ҷанг ворид нахоҳад шуд ва “ин ҷанги мо нест”. Бо вуҷуди ин, Лондон ба таври ғайримустақим ба Амрико кумак мекунад, аз ҷумла иҷозат додааст, ки аз пойгоҳҳояш ба муқобили Эрон истифода шавад, ҳамчунин дар дифои ҳавоӣ кумакрасони ИМА бошад ва рақиби Эронро дастгирии логистикӣ кунад.

Испания бошад, осмонашро барои убури ҳавопаймоҳои амрикоие, ки дар ҷанг зидди Эрон истифода мешаванд, бастааст.

Ба гузориши ВВС, Маргарита Роблес, вазири дифои ин кишвар рӯзи 30-юми март дар шаҳри Мадрид гуфтааст, ки Испания “истифодаи пойгоҳҳои низомӣ ва ҳарими ҳавоияшро барои иқдомҳои марбут ба ҷанг дар Эрон иҷозат намедиҳад”.

Дар ин бора нахуст рӯзномаи испании “El Pais” бо истинод ба манбаъҳои низомии ин кишвар гузориш дода, навишта буд, ин иқдом, ки ҳавопаймоҳои низомиро маҷбур мекунад барои расидан ба ҳадафҳои худ дар Ховари Миёна аз масирҳои берун аз Испания истифода баранд, шомили мавридҳои изтирорӣ намешавад.

Испания қаблан эълон карда буд, ки ба истифодаи пойгоҳҳои низомии муштаракаш бо Амрико барои ҳамла ба Эрон иҷозат намедиҳад. Педро Санчес, нахуствазири Испания ба таври ошкор ба ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон мухолифат карда, онро “ғайриқонунӣ” хонда буд.

Баъди ин Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида таҳдид кард, ки робитаҳои тиҷоратии Вашингтонро бо Мадрид қатъ мекунад. Вале бо ин вуҷуд то ҳол Испания мавқеашро тағйир надодааст.

Таҳдидҳои нав

Ҷанги Исроилу Амрико бо Эрон боис шуд, ки нерӯҳои муқовимат, ки чанде “хомӯш” буданд, аз нав сар боло кунанд. Аз ҷумла “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон, ки тақрибан ҳамзамон бо оғози ҷанг бо Исроил вориди ҷанг шуд. То имрӯз дар натиҷаи бархӯрди “Ҳизбуллоҳ” бо артиши Исроил наздик ба 10 сарбози исроилӣ кушта шуданд.

Ҳафтаи гузашта ҳусиҳои Яман ҳам вориди ҷанг шуданд. Рӯзи шанбеи 28-уми март ҳусиҳо аввалин мушаки худро дар ҳимоят аз Эрон ба сӯйи Исроил партоб кардаанд. Ҳусиҳо як қисмати Яман, аз ҷумла пойтахт – шаҳри Санъоро зери назорат доранд.

Яҳё Сареъ, сухангӯи ҳусиҳо бо пахши наворе дар шабакаи иҷтимоии X гуфт, ки ин гурӯҳ ба сӯйи шаҳрҳои Исроил чанд мушаки баллистикӣ партофтааст. Давоми як моҳи ҷанг чанд гуруҳи дигари ҷонибдори ҷумҳурии исломӣ ҳам ба тарафдории Эрон аз омодагии худ ба ҷанг муқобили Исроил эълон карданд. 

Трамп дар байни таҳдид ва музокира

Коршиносон муҳимтарин чеҳраи ин буҳрон Доналд Трампро медонанд. Изҳороти ӯ намунаи равшани сиёсати дугона аст: аз як тараф аз “музокироти ҷиддӣ” ҳарф мезанад, аз ҷониби дигар таҳдид мекунад, ки инфрасохтори Эронро нобуд хоҳад кард.

Ин равиш барои фишор овардан ба рақиб муассир буда метавонад, аммо ҳамзамон хавфи аз назорат баромадани вазъро дорад.

Ҷолиб он аст, ки тибқи гузориши “The Wall Street Journal”, Трамп омода аст ҷангро ҳатто бидуни боз шудани пурраи гулӯгоҳи Ҳурмуз поён диҳад. Ин нишон медиҳад, ки ҳадафи асосӣ на ҳатман тағйири куллии вазъ, балки расидан ба “натиҷаи қобили қабул” аст.

Бозии бузург

Бо гузашти як моҳ аз ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон ин буҳронро танҳо дар доираи як низои дуҷониба фаҳмидан нодуруст аст. Дар асл, ин як қисми бозии бузурги геополитикӣ мебошад, ки дар он манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ, бозорҳои энержӣ ва амнияти байналмилалӣ ба ҳам мепайванданд.

Вале дар ин “бозии бузург” мавқеи кишварҳои арабии Ховари Миёна ҳамагонро ба ҳайрат овардааст, ки ҳамсояи мусалмони худ, яъне Эронро танҳо гузоштанд ва кишварҳояшонро майдони ҳамла ба Эрон қарор доданд. Бо вуҷуди ин, Эрон бо посухҳои тунди лафзӣ, сиёсӣ ва ҳарбӣ мавқеи худро устувор нигоҳ доштааст.

Д. ҚОДИРПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *