Марди ҷиянкуш баъди 9 сол дастгир шуд

Санаи 5. 05. 2017 сокини деҳаи Эсизи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Мирзобоқиев Толиб Мулосангович барои ҷинояти куштор,  яъне ыасдан аз ҳаёт маьрум сохтани ду шахс ба мӯҳлати 20 сол аз озодӣ марҳум карда шуд. Ба гуфти раисикунандаи суди Мирзобоқиев-Фирӯза Аҳмадзода ҳодисаи куш тор қасдона ва пешаки тарҳрезишада буда, гунаҳгор  баръало ноболиғи дар ҳолати оҷизӣ  қарордоштаро аз ҳаёт маҳрум кардааст. Ҳодисаи куштор санаи 17.04.2008 сол,  тахминан соатьои 12-13 рух дода, моҳи июни соли равон ошкор ва мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мирзобоқиев Т.М. ва Шавкатов М.Қ. бо маслиҳати ҷиноякоронаи якҷоя кардаашон аз ҳолати оҷизии ноболиғон ва набудани шахсони  бегона дар хона истифода бурда, овози мусиқиро баланд карда, Мирзобоқиев Т.М. бо мақсади ҷинояткоронаи бо ҳам кардаашон дар болои кат нишаста, бо дастонаш роҳи нафаси ноболиғ Мирзобоқиева Ситора ва Шавкатов С.Қ. дар кати дигари дар ҳамин ҳуҷра буда нишаста, бо дастонаш роҳи нафаси Мирзобоқиев Умидҷон-ро буғӣ карда,  ба ҳалокат мерасонанд…

 Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.

                                                                                                                                                     Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *