Марги генерали пешини Афғонистон дар Теҳрон
Як фармондеҳи ҳукумати пешини Афғонистонро дар Теҳрон бо зарби гулӯла куштанд.
Ба навиштаи “iraninternationl”, Икромуддин Сареъ фармодеҳи пулис дар вилоятҳои Бағлон ва Таххор дар замони ҳукумати пешини Афғонистон дар паи тирандозие дар маҳаллаи Валиасри Теҳрон бо зарби гулӯла ба ҳалокат расидааст.
Ба гуфтаи манбаъ ин ҳодиса шоми чаҳоршанбе пас аз баромадан аз дафтари корӣ оқои Сареъ рух додааст. Дар натиҷа ӯ сахт захмӣ шуда ба беморхона интиқол дода шуда ва дар онҷо вафот кардааст.
Дар ин бора чанд чеҳраи шинохтаи ҳукумати пешини Афғонистон дар саҳифаи “Х” хабар додаанд. Аз ҷумла Атомуҳаммади Нур раҳбари Ҷамияти исломи Афғонистон дар саҳифаи расмӣ “Х”– худ нисбати қатли Икромуддин Сареъ изҳри тасаллӣ баён карда хостори таҳқиқи марги ӯ шудааст.
Пас аз суқути низоми ҷумҳурият ва ба сари қудрат омадани ҳукумати “Толибон” чанде аз фармондеҳони ҳукумати пешин ба хориҷ аз Афғонистон фирор карда буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ