Масҷидҳоро кӣ мекушояд, муфтиёт,Кумитаи дин, Вазорати тандурустӣ ё Ситоди зиддикоронавирус?

Ҳоло, ки шумораи гирифторони коронавирус руз ба руз камтар мешавад, оё иҷозат дода мешавад, ки мардум ба масҷид раванд ва ин иҷозатро кӣ хоҳад дод?

Моҳи сентябри соли 2020 мақомот гуфта буданд, бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагир дар миёни калонсолон наметавонанд, ба фаъолияти масоҷид иҷозат диҳанд. Онҳо аз мардум хостанд, то замони муътадил шудани вазъ ибодатро дар хонаҳои худ ба ҷо оранд. Ҳоло, ки шумораи гирифторони коронавирус руз ба руз камтар мешавад, оё иҷозат дода мешавад, ки мардум ба масҷид раванд ва ин иҷозатро кӣ хоҳад дод?
Намояндагони Кумитаи дини Тоҷикистон гуфтанд, дар мавриди кушодани масҷидҳо мақомоти тандурустӣ ва Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо COVID-19 тасмим мегиранд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, гуфтааст,ки ҳанӯз дар мавриди кушодани масҷидҳо маълумоти расмӣ нагирифтаанд. Ӯ шарҳи бештари мавзуъро ба салоҳияти Кумитаи дин ва Вазорати тандурустӣ вогузоштааст.

Аммо Вазорати тандурустӣ дар ин маврид чизе намегӯяд Дари масҷидҳоро дар Тоҷикистон бори аввал моҳи марти соли 2020 барои ду ҳафта ва баъдан аз 18-уми апрели соли гузашта то инҷониб бастаанд. Дар пайи масҷидҳо, мактабу донишгоҳ ва бозорҳо ҳам баста шуданд, вале баъдан марҳила ба марҳила маҳдудиятҳои ҷоришуда барои мактабу бозорҳо бардошта шуданд.Дар Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор масҷидро расман сабтином кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *