Машқҳои пагоҳирӯзӣ дар вазорату идораҳои давлатӣ

Шаҳрдории Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон аз вазорату идораҳои давлатии ин кишвар даъват кардааст, ки машқҳои мунтазами пагоҳирӯзиро ташкил кунанд. Дар ин бора дар саҳифаи фейсбукии шаҳрдорӣ хабар дода шудааст.

Бори нахуст ин гуна машқи пагоҳирӯзӣ субҳи 25 сентябр дар «Боғи миллӣ»-и пойтахти Ӯзбекистон баргузор шуда, дар он 200 зан иштирок карданд. Ҳамчунин дар назди қасри «Дӯстии халқҳо»-и шаҳр низ беш аз 100 нафар ба варзиш машғул шудаанд.

«Шаҳрдории Тошканд ва Шуъбаи варзиши шаҳр аз тамоми вазорату муассисаҳо даъват мекунад, ки як рӯзи ҳафтаро дар ҷадвали кории худ «Рӯзи варзиш ва саломатӣ» эълон карда, дар иқдоми «15 дақиқаи тарбияи ҷисмонӣ» фаъолона иштирок кунанд», — омадааст дар иттилоия.

Шаҳрдории Тошканд ҳадафи машқҳоро пешгирӣ аз ҳолатҳои хасташавӣ ва баланд бардоштани руҳияи кормандон номидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *