Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Олмон дар Берлин баргузор шуд

Рӯзи 13-уми январ дар шаҳри Берлин даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Олмон баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

Ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Ҳамрализода ва ҷониби Олмонро ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷӣ оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Никлас Вагнер раҳбарӣ карданд.

Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, инчунин илму маориф ва фарҳанг баррасӣ намуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ, ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва тақвияти ҳамкориҳо дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Тарафҳо омодагии худро ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои судманд дар самтҳои афзалиятнок таъкид карданд.

Дар ҳошияи ин машваратҳо Фаррух Ҳамрализода ҳамчунин бо мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармс мулоқот анҷом дод. Дар ин дидор дурнамои ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ, гидроэнергетика ва сайёҳӣ, инчунин баргузории чорабиниҳои муштарак дар шаҳрҳои Душанбе ва Берлин баррасӣ шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *