Мастчоҳ: Бародар ба хотири замин хоҳарро оғӯштаи хун кард

“Яке садои “зада куш-сахт -сахт зан, зада куш..” гуфтани бародари ҳамсарам-Маҳмадрозиқ баланд шуд. Давида бароям, ки писарам Равшану ҳамсарам ба хун оғуштаанд.


Маҳмадрозиқ Сангинов, омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии рақами 20-и деҳаи Фотеҳободи ҷамоати Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ шоми 19 март, соати 18:20 бо ду писараш ба хонаи хоҳараш- Салтанат Ҷумъаева омада ӯро мавриди латукуби шадид қарор додааст.
Ба гуфтаи Исоазиз Ҷумъаев, ҳамсари Салтанат моҷаро замоне рух дод, ки ӯ намози шом мехонду ҳамсараш гов меҷӯшид.
“Яке садои “зада куш-сахт сахт зан, зада куш..” гуфтани бародари ҳамсарам-Маҳмадрозиқ баланд шуд. Давида бароям, ки писарам Равшану ҳамсарам ба хун оғуштаанд. Бародараш ду писараш-Сафарбой ва Ғолибҷонро супориш дода истодааст, ки аммашон(Салтанат)-ро зада кушанд. Худаш дар даст арматур тарафи ҳамсарам кӯшиши ҳамла мекард, то ӯро нобуд кунад ”-гуфт ӯ.
Ба гуфти ҳамсари ҷабрдида мушкилоти замин ва ҷанҷоли хусумати хоҳару бародар ду соле пеш ба миён омада буд. Он замон ду хоҷагии деҳқонии “Хоҷагии меҳр” ва “Сангин Сафар” фаъолият мекард.
Аммо Маҳмадрозиқ Сангинов манфиатҳои шахсиятро пеш гузошта бе пурсиш ва розигии саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Сангин Сафар” ин хоҷагиро бо “Хоҷагии меҳр”, ки худаш раиси он аст, муттаҳид мекунад. Дар натиҷа, ҳудуди 10 сотих замине, ки ҳоло хоҳараш Салтанат хонаи истиқоматӣ бунёд кардааст, ба ихтиёри хоҷагии Маҳмадрозиқ мегузарад.
Ин бародар барои аз худ кардани замин давоми се сол хоҳараш ва фарзандони ӯро мавриди латукӯб қарор медиҳад, то хонаю заминро тарк кунанд. Маҳмадрозиқ пештар хоҳарро зада бинияшро шикаста ва таҳдиди куштан карда буд.
Салтанат Ҷумъаева феълан дар беморхонаи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд бистарӣ шудааст. Додситонии ноҳияи Мастчоҳ дар посух ба шикояти Исоазиз Ҷумъаев, ҳамсари Салтанат бародару хоҳарро ба муросо даъват карда ва машварат додааст, ки мушкили хонаводагиро бидуни ҷанҷол ҳал кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

14 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *