Насиҳати Сталин ва посухи Эмомалӣ Раҳмон ба Муҳаммадҷон Қосимов ва “Литературная газета”

Рақси мардонаи моро Ғаффор Валаматзода вайрон карданд. Худашон раққоси бузург буданд, аммо эшон иҷозат доданд, ки мардҳои зансифат вориди рақс шаванд, ки ин ҳеҷ мумкин нест. Файзулло Каримов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Муҳаммадӣ Абдурасулов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон имрӯз ягона мутахассисони рақси мардона ҳастанду халос.

«Мушотон, мушоотоон фш, фш мекна?…» — ин ҷумла аз филми бадеии «Ситораҳои сари танӯр» аст. На танҳо ин, балки ҳамаи суханҳои Бекмурод, ки ин нақшро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон  Рамондӯсти Қурбониён иҷро мекунад, вирди забонҳост. Кам иттифоқ меафтад, ки як филм ва як нақш ба бозигараш ин ҳама шуҳрат орад, аммо ҳамсуҳбати ман, ки ба синни 75 расиданд, истисно мебошад.  Ростӣ, фикр мекардам, ки суҳбати мо сабук, пур аз ҳаҷву мутоиба ва шӯхӣ хоҳад буд, аммо он пур аз дард, ёди бузургон ва нигаронӣ аз вазъи замон шуд…

Насиҳати Сталин

-«Пас аз оне ки бузургтарин ва номдортарин актёрҳои муосири мо аз ГИТИС-и Маскав ба Театри Лоҳутӣ омаданду ҷои маэстрҳои маҳаллиро танг карданд, театри тоҷик… нузул ёфт, шикаст дид, маҳв шуд, фано гардид. Зеро онҳо саҳнаи аврупоиро нусхабардорӣ кардаву ба театри миллии Тоҷикистон оварданд. Дигар дар ин театр саҳнаҳои халқӣ, фолклорӣ маҳв шуд, андешаи миллӣ коста гардид ва театри тоҷик як театри советӣ шуд»… Ин ҳарфҳои шумост, ки чанд сол қабл ба нашр расида буд. Мехоҳам суҳбатамонро аз ҳамин оғоз кунем…

-Бале, ин ҳарфи ман аст. Ман ҳамчун дастпарвари Театри академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ, шахсе, ки шоҳиди давраҳои тиллоӣ будам, ҳақ дорам, ки фикри шахсии худамро гӯям.  Мо дастпарварони мактаби Ефим Исаевич Мителман, ки яке аз асосгузорони театри касбии тоҷик аст, мебошем. Мителман гарчанде тоҷик набуд, аммо ҳамаи асарҳояшро бо рӯҳияи тоҷикӣ ба саҳна мегузошт, ҳатто Шекспирро.  Маҳз ба воситаи ӯ мардуми мо «Отелло», «Ромео ва Ҷулетта» барин асарҳоро дарк карда тавонистанд. Бузургтарин актёрони тоҷик дар ҳамон давра сабзиданд, театри миллии тоҷик ба вуҷуд омад. Аммо вақте гурӯҳи тоҷикӣ ГИТИС-ро хатм карда омаданд, ҳунармандони калонсоли театр Тӯҳфа Фозилова, София Тӯйбоева, Гулчеҳра Бақоева, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Зоҳир Дӯтсматов ва қариб ҳамаро оҳиста-оҳиста аз театр ронданд. Яъне, занҷир канда шуд ва мактаби эҷодие, ки зина ба зина бояд рушд мекард, аз байн рафт. Инҳо анъанаҳои театри аврупоӣ ё мактбаи Станиславскийро пурра, нусхабардорӣ карда оварданд, ки ин барои тамошобини мо бегона буд. Ёд дорам, вақте ки Тӯрахон Аҳмадхонов «Имтиҳон»-и Ф.Ансориро дуюмбора ба саҳна гузошт, муваффақ нашуд. Қаблан  ин асарро  Ҳоҷиқул Раҳматуллоев таҳия карда буд ва он дар байни тамошобин шуҳрати зиёд дошт.  Вақте Ҳоҷиқул-ака ба театр омада, эрод гирифтанд, ҷавонҳо гапҳои пасту баланд гуфта, ӯро ранҷониданд. Эшон хеле афсурда гуфтанд: «Ту асари қаблан гузошташударо аз будаш бештар монӣ, ман розӣ, аммо вақте ту асари хубро гирифта, вайрон мекунӣ, нобахшиданӣ аст»… Маҳз чунин иштибоҳро Ҳошим Гадо дар таҳияи дигарбораи «Рӯдакӣ»-и Улуғзода кард. «Рӯдакӣ»-и Ҳошим Гадо хандаовар буд.

-Охирин маротиба кай театр рафта будед?

-Ҳамеша меравам…

-Асари мақбули дилатон ҳаст?

-Рости гап не. Ҳозир вазъи театрҳо ниҳоят бад. Академизм умуман нест. Мо донишҷӯ будему ба театр мерафтем. Вақте ки Муҳаммадҷон Қосимов,  Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, София Тӯйбоева, Гулчеҳра Бақоева ва махсусан Тӯҳфа Фозилова меомаданд, театр дигар мешуд, касе баланд гап намезад. Ҳама гӯш мекарданд, ки бузургон чӣ мегӯянд… Аммо ҳозир ҳеҷ чиз нест, дилам месӯзад. Ҳам мактаби Мителман, ҳам мактаби ГИТИС ва ҳам анъанаҳои театри тоҷик вайрон шуда, чизе намондааст. Бигзор аз ман биранҷанд.

-Мактаби Мителман чӣ асроре дошт, ки аз нафарони бе маълумоти касбӣ театри бузург сохт?  То ҳадде ки «Отелло» ба Сталин писанд омад.

-Он давра устодон ҳамеша вохӯрии Сталинро бо Муҳаммадҷон Қосимов ба ёд меоварданд. Вақте Отелло хиёнатҳои дӯсти наздикаш Ягоро мефаҳмад, гиря мекунад. Отелло шамшерзан ва сипоҳӣ буд, аммо хиёнат қалбашро захмӣ кард, наметавонист ашк нарезонад. Сталин пас аз тамошои спектакл Муҳаммадҷон Қосимовро тавсиф карда, як маслиҳат медиҳад: «Полководец не должен плакат». Ин буд мактаби Митллеман, ки ҳатто Сталин барин шахсият асарро дарк карда, хулоса бароварда метавонист. Мактаби Мителман омезиши академизм бо миллизми мо буд. Вақте Ҳошим Гадо «Гамлет»-ро ба саҳна гузошту ҳама, ҳатто Маскав ба ҳайрат омад. Зеро Ҳошим низ характери миллиро офарида буд, на нусхабардорӣ.  Театр ҳамавақт фардияти эҷодкорро дӯст медорад, на нусхабардориро.

Баҳои Маҳмуди Воҳид

-Сабаб чӣ буд, ки баъди хатми студияи Мителман дар Театри Лоҳутӣ наистодед?

-Ефим Исаевич ҳамаи моро барои Театри Лоҳутӣ тайёр карда буд. Аммо вақте бачаҳои ГИТИС аз Хуҷанд омаданд, дигар штати холӣ намонд. Дар ин давра мо ба хизмати аскарӣ рафтем ва баъди бозгашт театр моро қабул накард. Убайдулло Раҷабов, Ёрмад Қарахонов ва Муяссара Аминова ба Театри Кӯлоб, ман бошам, ба театри халқии ноҳияи Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) ба кор даромадем. Баъдан маро ҳам ба Кӯлоб ҷеғ заданд ва як сол он ҷо кор кардам. Аммо дар Театри Кӯлоб фазои эҷодӣ набуд. Қурбон Зардак, директори театр бештар ба бахши мусиқӣ ва консертҳо диққат медод ва театрро ба филармония табдил дода буд. Театр режиссёри боқувват надошт. Бо вуҷуди ин Муяссара Аминова «Шартҳои никоҳ» ном асари Убайдулло Абдуллоевро ба саҳна гузошт. Убайдулло Раҷабов дар ин асар муъҷиза офарид. Ӯ дар ин ҷо нақши як гурҷизанро бозӣ кард ва тамошобинро ба ҳайрат гузошт. Сардори милитсияи шаҳр ба ин зан ошиқ шуда, паси парда омад, аммо «занро» наёфт, рӯзи дигари намоиш боз омада суроғ кард. Вақте фаҳмид, ки он «зан» Убайдулло будааст, аз шарм чӣ кор карданашро намедонист, яъне спектакли мо муваффақ шуда буд. Баъди ин рӯзҳои драматургияи Полша дар Тоҷикистон баргузор шуд ва Театри Кӯлоб «Шаш мардаву як зинда»-и Драздовскийро ба саҳна гузошт.  Аммо баъди як сол директори театр маоши қисми драмавиро паст кард ва ҳама баромада рафтем. Ман боз ба Театри Москва рафтам, Убайдулло ба Театри Лоҳутӣ ва Муяссара Аминова ба Душанбе омада, аз санъат рафт.

-Яъне, гурӯҳи Мителман пароканда шуд.

-Пароканда карданд, аммо ҳама ҳунармандони ба воярасонидаи Мителман соҳибунвон шуданд: Убайдулло Раҷабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, дорандаи Ордени «Ситораи Президент», Гуландом Сафаралиева, камина ва Соҳибсултон Алиназарова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҷомӣ Муродов ва Нисо Муҳаммадҷонова, Ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон.

-Шумо солҳои тӯлонӣ дар Театри халқии ноҳияи Москва кор кардед. Дар театри халқӣ фақат барномаҳои консертии фолклорӣ мегузоштед ё асарҳои драмавӣ?

-Ҳарду. Ман «Ташвиши рӯзгор»-и Меҳмон Бахтӣ ва «Шартҳои никоҳ»-ро ба саҳна гузошта, ба Душанбе овардам ва ду маротиба дар фестивал ҷойи аввалро гирифтам. Ҳатто дар «Ташвиши рӯзгор» як саҳнаро ба воситаи тамошобин ташкил карда будам. Вақте Маҳмудҷон Воҳидов ин саҳнаро тамошо карданд, гуфтанд: «Театри касбӣ аз театри халқӣ бояд омӯзад». Ин бузургтарин баҳои кори ман буд.

-Аммо имрӯз театрҳои халқӣ фаъол нестанд, чаро?

-Барои он ки система барҳам хӯрд. Дар замони Шӯравӣ дар Рӯшон, Исфара, Ҳисор,Истаравшан ва умуман дар ҳар як минтақа театри халқӣ фаъолият мекард ва ҳунармандони забардаст дошт. Наимҷон Маҳкамов аз Истаравшан Ҳунарманди халқии Тоҷикистон шуд. Мирзоқурбон Солиеви исфарагӣ машҳуртарин  ғижжакнавоз буд, ки то имрӯз касе мисли ӯ мусиқии классикиро дар ғиҷҷак иҷро карда наметавонад. Ва ё худи устод Одина Ҳошим, ки классики мусиқии мост. На танҳо театрҳо, балки ансамблҳои тарона ва рақс, ки дар ҳар як ноҳия буд, барҳам додем. Бисёр иштибоҳ кардем.

Ганҷи парокандаи «Ганҷина»

-Иштибоҳ накунам, шумо ба василаи ансамбли фолклориву этнографии «Ганҷина» ба Душанбе омадед…

-Вақте Убайдулло Раҷабовро ба сифати режиссёри ансамбли «Ганҷина» пешниҳод мекунанд, вай рад карда, маро пешниҳод мекунад. Нур Табаров се маротиба маро даъват карданд,  рад кардам, аммо як ҳарфашон ба ман таъсир кард. Эшон гуфтанд: «Додари азиз, Рӯдакиро пойтахти мамлакат Бухоро машҳури ҷаҳон кард». Баъди ин розӣ шудам. Вале пушаймон нестам. Бо «Ганҷина» барномаи мукаммале сохтем, ки тамоми фолклори мардуми тоҷикро фаро гирифтааст. Ман магнитофон дар сари китф аз Бадахшон то Кангурту Балҷувон ва Зарафшону Исфара фолклор ҷамъ карда, ин барномаро сохтам. Суруди «Каҷкулоҳ» ва нақшхонии Исфара бозёфти мо буд, ки қариб аз байн мерафт.  Бо ин ансамбл сафарҳои хориҷӣ доштем. Мо дар зинда нигоҳ доштани сурудҳои фолклорӣ ва анъанаҳои мардумӣ хеле талош кардем.

-Айни замон ансамбли «Ганҷина» гӯё ҳаст, аммо…

-… ҳеҷ чиз нест! Ман ин ҷо Вазорати фарҳангро айбдор медонам. Вақте фарзанди Чилахон Холов бемор шуду ба Маскав рафта, як моҳ кор наомад, ӯро аз вазифа сабукдӯш карданд. Онҳо дарк намекарданд, ки Чиллахон барои ин ансамбл муҳим аст, зеро ӯро Зафар Нозим ва ман махсус барои ансамбл тайёр карда будем. Танҳо вай кори «Ганҷина»-ро дарк карда, ансамблро идора карда метавонист. Дигар роҳбарони ансамбл тасодуфӣ буданд.  Ҳоло ҳам дер нашудааст, ансамбли «Ганҷина» хеле муҳим аст. Чилахон Холовро баргардонанд, пас аз ду сол шукуҳи пештараи он барқарор хоҳад шуд. Ҳатто ман омодаам, ки ҳамкорӣ кунам, барномаи тайёр дорам. Мо ҳунарҳои миллиамонро аз даст додаистодаем. Фақат гап мезанем, касе кор намекунад. Ин аст, ки Фалак аз аслаш фарсахҳо дур шуд… Ин коре ки ансамбли Фалак мекунад, ба фалаки аслӣ дахл надорад.  «Фалак» аз аллаи модар шурӯъ мешавад, бинобар барои мардуми мо муҳим аст. Аммо барномаҳои имрӯзаи фалаксароёнро оё касе гӯш мекунад? Не! Барои он ки инҳо намедонанд, ки чӣ мехонанд. Вақте ки Аҳмад Бобоқулов суруди «Ғарибонро кӣ мепурсад, дар ин шоми ғарибона», ки дар филми «Дохунда» истифода шудааст, месароид онро ҳама қабул мекарду мекунад, аммо суол диҳед, ки имрӯзиҳоро касе қабул мекунад?  Мо ҳамаро аз даст додем, рақси мардона надорем.

-Воқеан, дар мавриди рақси мардона бояд андеша кунем, зеро он аз байн меравад.

-Он аллакай нест шудааст.  Ин бадбахтӣ аст. Боз як хел одамҳо пайдо шудаанд, ки мегӯянд «наход мард рақс кунад».  

-Барои он чунин фикр пайдо шудааст, ки рақси мардона нест.

-Рақс ибтидо мардона буд, баъдан аз занҳо шуд. Рақси паҳлавонӣ буд, рақси лӯхтакбозӣ буд, рақси аспакбозӣ буд, ки ҳама мардона аст. Ман ҷуръат карда, як гап мегӯям, гарчанде дар бало мемонам. Рақси мардонаи моро Ғаффор Валаматзода вайрон карданд. Худашон раққоси бузург буданд, аммо эшон иҷозат доданд, ки мардҳои зансифат вориди рақс шаванд, ки ин ҳеҷ мумкин нест. Файзулло Каримов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Муҳаммадӣ Абдурасулов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон имрӯз ягона мутахассисони рақси мардона ҳастанду халос. Рақси мардонаи мо мисли рақси мардонаи гурҷӣ аст, нишон додани қувват, зебоӣ ва қудрати мард, на ин ки ҷунбонидану хиромидан. Бинобар ин, зарур аст, мо ансамбли рақси мардона ташкил кунем ва як ансамбли рақси бадахшонӣ: ҳам занонаву ҳам мардона. Зеро рақси тоҷикӣ танҳо дар Бадахшон боқӣ мондааст.

-Ҳоло дар мавриди вазъи санъат ҳарф мезанему афсӯс мехӯрем. Сабаб чист, ки ба ин аҳвол расидем?

-Биёед, як назарпурсӣ мегузаронем. Беҳтарин вазири фарҳанги Тоҷикистон кӣ буд?

-Албатта, Меҳрубон Назаров…

-Бале, дувум Бобохон Маҳмадов. Дигар вазирон тасодуфӣ ҳастанд. Ҳатто аҳли санъат, ки ҷонишини вазир шуда кор карданд, тасодуфӣ буданд, касе барои рушди санъат кор накард.

-Санъатро роҳбар рушд мебахшад ё истеъдод?

-Албатта, роҳбар.

Макун умеди сабзидан, туро гар дастгире нест,

Ниҳол аз боғбон дар боғ сар афрохтан дорад.

Барои чӣ ансамбли «Ганҷина» рушд кард? Барои он ки Зафар Нозим буд ва банда аз нуфузи ӯ истифода карда, кор мекардам. Чилахон буд, ки моҳияти корро мефаҳмид…

Аслан, ман зид ҳастам, ки сарояндаҳо  ансамблҳоро роҳбарӣ кунанд. Бубинед дар ансамбли «Зарафшон»  – ба ғайр аз Хосияти Зарафшонӣ, ансамбли «Ҷавонӣ» ба ғайр аз Афзалшоҳ Шодиев, «Дарё» ба ғайр аз Саидқул Билолов,  «Фалак» ба ҷуз Далтаманд Холов дигар киро мешиносед? Дигар кӣ он ҷо ҳаст? Дигарон аз пушти инҳо ба ғайр аз «ҳи ҳу» дигар чизе намегӯянд. Фардияти эҷодиашонро шукӯҳи инҳо аз байн мебарад.

Ёди Бахтиёр ва Сайф

-Шумо дар кино бештар машҳур шудед. Қобилияти шумо, ки як ҳунарпешаи театри музофотӣ будед, дар кино чӣ гуна кашф шуд?

-Маро дар филми «Баратан» Бахтиёр Худоназаров кашф кард. Қабл аз ин ман дар филми «Коваи оҳангар» ва «Зумрад» дар эпизодҳо иштирок карда будам. Вале дар замони кор дар театри халқӣ  ба воситаи саҳначаҳои ҳаҷвӣ ҳамроҳи Абдуслом Раҳимов дар телевизион каме шинохта шудам. Вақте бори аввал дар «Баратан» иштирок кардам ман асрори киноро намедонистам. Вақте ба Фархор рафтем  Бахтиёр ба ман гуфт: «Ака-раҳмон   чаро шумо қатӣ намешавед? Шумо ҳамроҳи мо кор кунед, фикратонро гӯед» ва вақте бо Сайф Раҳим кор мекардем, ман аллакай вориди дунёи синамо шуда будам, фикрамро мегуфтам.

-Он вақт дарк мекарданд, ки Бахтиёр ҷаҳонӣ мешавад?

-Ман дар ду филми Бахтиёр бозӣ кардам. Вақте «Баратан»-ро дар хонаи кино муаррифӣ карданд, дар киностудия миш-мишҳо пайдо шуд, ки ин як шуҳрати яклаҳзаина аст ва ин филм муваффақ намешавад, аммо Бахтиёр инқилоб карда буд. Дар «Қош ба қош» вай ҳаёти воқеии Душанберо тасвир кард. Медонед, ду саҳнаи филми «Қош ба қош» табиист. Вақте ки дар лаби наҳр қиморбозӣ мекунанду об мурда мерад. Ин саҳна дар кино набуд, балки воқеист ва мурда ногаҳон омаду режиссёр онро ворид кард. Дигар ин ки аз баландии Боғи «Ғалаба» тирпарронии болои Душанбе ҳақиқӣ буд. Бахтиёр бе мисл буд Сайф тамоман дунёи дигар.  

-Маҳз филми Сайф шуморо шинохта кард.

-Бале, нақши Бекмуродро ғайриинтизор ҳамаи Тоҷикистон писандид. Ҳатто ҳама ҳарфҳояшро аз ёд медонанд.

-Бекмурод образи манфӣ аст, аммо онро кас бад намебинанд. Чаро?

-Ин образи манфӣ нест. Дар мо ин гуна одамро «ҳова» мегӯянд, яъне холӣ. Дилаш сафед, аммо беандеша гап мезанад ва бадзабон аст.

-Мегӯянд, ки суруди «мул-мулки» дар филм импровизатсия будааст…

-Бале. Вақте ки Сафар Минаков гапашро гум кард: «Э, Бекмурод, дар дил задӣ…» вале «безор шудем»-ро фаромӯш кард, ман ин сурудро хондам ва Сайф онро ба филм дохил кард.  Баъди инҳо ман бо Носир Саидов ҳам кор карда, ҳаловат бурдам ва Бахтиёр ба ёдам омад. Баъдан, дар «Сафари ҳавоӣ» кори Далер Раҳматов маро қоил кард. Ман ин хел режиссёрро надидаам, хеле бомаданият, ҳатто овозашро баланд намекунад…

Санъат «Пистамазор мерам…» аст

-Шумо солҳои охир режиссёри бештари барномаҳои давлатӣ ҳастед, аммо бисёре аз ҳунармандони машҳур шиква мекунанд, ки ба ин барномаҳо даъват намешаванд…

-Мо рӯйхат мекунем дастгоҳ интихоб мекунад. Бештар ҷавонон интихоб мешаванд, ки ман на ҳамеша тарафдорам. Масалан, овози Файзалӣ Ҳасан, Хосияти Зарафшонӣ ва Нуқра Раҳматоваву Сурайё Қосимоваро бо овози ҳофизони ҷавон муқоиса кардан мумкин аст? Дар Афғонистон як анъана ҳаст, ҳофиз то аз пираш дуо нагирад, овозашро баланд намекунад. Дар мо бошад, аз очааш таваллуд мешаваду, «Ҳее, Пистамазор мерам, дидани ёр мерам», охир мазор мурданӣ мераванд на дидани ёр…

-Шумо аз сатҳи барномаҳое, ки таҳия мекунед, қонеъ ҳастед?

-Не, зеро на ҳамеша чун режиссёр мухтор ҳастам.

-Шумо ҳамчун режиссёр идеяҳоятонро роҳандозӣ мекунед, вале як мансабдор, ки санъатро намефаҳмад, кори шуморо рад мекунад. Худро чӣ хел ҳис мекунед?

-Он вақт бадбахттарин инсон ва бадбахттарин ҳунарманд ман ҳастам. Режиссёрҳои мо ҳозир манқурт шудаанд. Чизе аз боло таҳия мекунанд, ҳамонро мегузорем. Пас ман кӣ ҳастам, вақте ман идея надорам. Вақте Валаматзода консерти ҳукуматиро таҳия мекард, Бобоҷон Ғафуров омада мегӯянд, ки инро ин хел, онро ун хел кунед. Валаматзода асабӣ шуда, посух медиҳанд: «Шумо Котиби ҚК ҳастед, рафта кори худатонро кунед». Бисёр дардовар аст, оянда намедонам, чӣ мешавад…  Паноҳашон ба Худо.

-Ин қадар бо дилсӯзӣ ҳарф мезанед…

-Албатта, дилам месӯзад. Барои санъати асил аз бисёр чиз бояд гузашт кунем. Набояд ба ҳавои як нафар кор кунем. Ин чӣ гап? Кани Сурайё Қосимова? Кани Нигина Амонқулова? Кани Шабнами Сурайё? Мо оё Шабнамро боре гуфтем, ки ин роҳи дуруст инро кун, вай хато онро накун. Не! Чизе худаш хостааст кардаст, аммо хуб кардааст, хушрӯ кардааст. Дар куҷое чӣ гап гуфтааст, ба консерт роҳ намедиҳем. Овози Нигина такрорнашванда оё мо ӯро ба роҳи дурусттар ҳидоят кардем? Не! Бетарафӣ, масхарабозӣ, касе кор кардан намехоҳад. Барои манфиатҳои як нафару ду нафар магар санъат сохта мешавад? Президенти мо одами санъатдӯст ва шахсе, ки санъатро ниҳоят ба сатҳи олӣ дарк мекунад. Дар баробари он ки сиёсатмадори бузург аст, дарки хуби санъат дорад.  Аммо атрофиёнаш ӯро имрӯз иҳота кардаанд, касеро наздик шудан намемонанд. Метарсам, ки оқибати ин кор хуб нахоҳад шуд. Вақте ки 1100 — солагии Давлати Сомониёро ҷашн мегирифтем, Президент гуфтанд: «Литературная газета» дар бораи Тоҷикистон навиштааст: «Халқ гурусна асту Президент мерақсад. Ба ин газета расонед, Президенти Тоҷикистон бо халқи худ рақс мекард, рақс мекунад ва хоҳад рақсид»… Бигзор ҳамеша чунин бошад…

-Ташаккур барои суҳбати самимӣ, мавлудатон муборак!

Одил Нозир,

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

7 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *