Мастчоҳ: Соҳиби замин кист ва муаммо дар чист?

Додарам-Мунавваров Ихтиёр барои “гуноҳ”-и  як солу 3 моҳ қаблӣ рӯзи шашум аст дар боздошт қарор дорад.  Ин ҳам ҳолест, ки додарам гуноҳе надорад ва имрӯз масъулин ӯро барои  дар шаби  вафоти падарам, яъне 16. 06. 2016  ба амакҳоям-  Мунавваров Абдуманнон ва Мунавваров Абдуҳаннон ҷанҷол карданаш бо моддаи 237 қисми 3, банди “в” парванда кушоданд. Ҳол он ки додарам-Ихтиёр барои ба молу амволи падарам чашм ало карда бо ҳар роҳ аз они худ кардани амакҳоям ба ғазаб омада, дар ҳолати асабонӣ танҳо садо баланд кардаанд, на ҷангу ҷанҷоли зиёд шудаасту на латукуб ё дигар ҷинояту бетартибиҳо. Ва ин ҳам чӣ хеле ки дар қарори муфаттиши ШТ ШВКД-и ҶТ дар ноҳияи Мастчоҳ- лейтенанти калони милитсия Садиев Ш.С омадааст: ҷанҷол 10 дақиқа давом кардааст.

Рӯзи дуюми дар боздошт буданаш додарам гуруснанишинӣ эълон кард, худо накарда дар ин фасли сармо аз хунукӣ, гуруснагӣ ва ғояти асабонӣ ягон кору ҳол мешуд, кӣ ба ҷони ҷавони додарам ҷавоб медод? -арз кард сокини ҷамоати  Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ Мунавваров Бахтиёр.

         Гуфтем заминро ба фонди давлат гузаронед, аммо…

0,60 га замин, ки ба сари оилаи мо ҳазорҳо муамморо овард, аслан ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда надорад ва  ба кӣ тааллуқ доштанаш ҳам маълум нест. Апрели соли 2016 падарам аз  маҳбас озод шуд ва вазъи саломатияш бад буд. Ният доштем ба хориҷ бурда табобат кунонем ва ин замине, ки бо харҷи зиёд ба даст овардааст ҳуҷҷатгузорӣ ва дар он ҷо як боғчаи бачагона ташкил кунем. Аммо духтурон бефоида будани табобатро ба амакҳоям фаҳмонида, гуфта будаанд, ки умри Мунаввар Мунавваров (падари Бахтиёр) кам боқӣ мондааст, эҳтимол то 3-4 моҳ зиндагӣ кунад. Аммо ду амакам фарзанди падар шуда, ба қавле “мурдаро монда тутхӯрӣ” карданд ва ҳоло падарам фавот накарда, дунболи аз худ кардани моликияти он кас афтоданд. Мо бехабар аз он ки падарам дар замони ба соҳибкорӣ машғул будан дар ду-се ҷо замин ва хона харида будаанд, барои табобаташон қариб тамоми чорвои дар хона доштаамонро фурӯхта табобатпулӣ кардем, аммо онҳо молу мулки падари маро фурӯхта барои зиндагии худ истифода бурдаанд.

Борҳо аризаи шикоятӣ ба унвони прокуратураи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҳатто нома ба унвони пешвои миллат навиштем, ки ба доди мо расанд, аммо ҳама бенатиҷа-аз молу дунёпарастии амакҳояш шикоят кард-Ихтиёр Мунавваров.

                          Амаки Ихтиёр чӣ гуфт?

Вақте бо  Мунавваров Абдуманнон тамос гирифтем, дар аввал бо баҳонаи шикаста будани пояш  хост аз посух ба саволҳои мо дурӣ ҷӯяд. Баъди  он ки исрор доштем- “Барои посух пой не, забон”-и шумо аҳамият дорам, аз ноилоҷӣ гуфт: Ҳамаи ин гапу кор дар қоғаз ҳаст-ку!

Вақте пурсидем, ки оё 0,60 га замин, ки шумо  солҳои 2014-15 атрофи онро деворбандӣ кардед ягон ҳуҷҷат ё сертификати тасдиқкунанда дорад? Мунавваров натавонист посух гӯяд. Аз ин беҷавобии ӯ бармеояд, ки чуноне ки ҷиянаш Ихтиёр зикр кард, замин беҳуҷҷат аст ва Мунавваров дар  замони замони раиси маҳалла будан аз ҳамин вазифаи наонқадар назаррасаш сӯйистифода бурда, заминро аз они худ кардааст. Акнун  Ихтиёр умед дорад  ин масъала танҳо бо таҳлил ва дахолати  Прокуратураи олӣ ҳалли худро меёбад.  

              Раҷаббой Аҳмадзода супориш дода буд, ки…

Тавре, ки Ихтиёр гуфт барои ҳарчӣ зудро ҳақ ба ҳақдор расидан ҳатто ба сарадори  Раёсати кумитаи идораи замин ва геодези Ҷумҳурии  Тоҷикистон Раҷҷабой Аҳмадзода низ муроҷиат кардааст: Санаи 30.12. 2016  аз ташрифи  мӯҳтарам Раҷҷабой   Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ огоҳӣ пайдо карда, бо ариза ба он кас муроҷиат кардам. Аҳмадзода маро қабул карда, аризаамро гирифт ва ба раиси ноҳия супориш дод, ки масъала ҳаматарафа ва холисона дида баромада шавад. Дар идораи кумитаи замини ноҳия аз ман талаб карданд ба номи сардори кумитаи мазкур- Рустамов  Р. ариза нависам, зеро аризае, ки ба унвони Аҳмадзода навиштам онҳо ҳуқуқи баррасӣ надорад. Чӣ хеле ки кормандони Кумитаи идораи замини ноҳия гукфтанд, аризаро навиштам ва пешниҳод кардам.

Баъдан санаи 15 декабр бо № 2801  “ а”  ба ман ҷавоб гардониданд,  ки дар ҳаракатҳои Мунавваров Абдуманнон  аломатҳои ҳуқуқвайронкунӣ  пайдо шуда, барои чораҷӯӣ  ба прокурори ноҳия маводҳои санҷишӣ пешниҳод карда шуд. Вақте ҷавоб дастрасамон гашт, дидем, ки дар зер на имзои раис, балки имзои иҷрокунанда аст. Бовар дорам, ки агар Рустамов худаш ин масъаларо мехонду таҳлил мекард, ба ин гуна бемасъулиятӣ  ва ғасби замин роҳ намедод.  

Мо ҳамин қадар аз масъулини сохторҳои қудратӣ хоҳиш дорем, ки ҳамин замини ҷанҷолӣ, ки боиси мусибату муноқишаҳои зиёд дар оиламон шуда, додарамро ба боздошт бурд, аз рӯи қонунҳои дахлдор дида баромада, ба фонди ҷамоат ё давлат гузаронда шавад.

Сари масъалаи “ғасб”-и замин дар ноҳияи Мастчоҳ, ки бояд боғчаи кӯдакон бунё мешуд  таҳқиқоти мо идома дорад ва таҳлил муфассал ва дарҷи факту арқоми нав дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.

                                                                                  Фарзона Муродӣ

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *