Мастчоҳ: Зану шавҳар зери хок монда фавтиданд

Баъди нисфирӯзии 29-май дар маҳҳали “Чашма”-и шаҳри Хуҷанд зану шавҳари ҷавон ҳангоми кандани чуқурӣ зери хок монда фавтиданд. Аз рӯи нақли шоҳидон зани шавҳар ба мақсади бунёди ҳоҷатхона дар атрофи ҳавлӣ чоҳ кандаанд. Вақте зан дар даруни чоҳ барои идомаи кандаи он медарояд ногаҳон лаби чоҳи намгирифта ба рӯи ӯ мекӯчад.
Ҳамсари ӯ Комилҷон Ҷумъаев занашро наҷот доданӣ мешавад, ки ҳамин ҳангом як лахти калони дигар аз лаби чоҳ ба дарун, ба рӯи зану шавҳар меафтад ва дар натиҷа ҳарду дар даруни чоҳ мефавтанд.
Ҷасади марҳумонро имрӯз дар зодгоҳи худашон- ноҳияи Мастҷоҳ, дуюм учаска ба хок супурданд. Аз рӯи маълумоти ҳамдеҳагони фавтидагон Комилҷон Ҷумъаев 39-сол дошта, корманди “Агроинвестбонк” будааст ва бо тақозои кор дар шаҳри Хуҷанд ҳамроҳии оилааш зиндагӣ мекардааст.
                                                                                                                                                                       Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *