Майдони ба номи Каримов дар Масква

Шаҳрдории Москва тавре интизор мерафт, қарори ба номи Ислом Каримов, президенти нахустини Ӯзбекистон гузоштани майдонеро дар ноҳияи Якиманкаи Русия қабул кард.

Ин майдон дар чорроҳаи кӯчаҳои «Болшая Полянка» ва «Казачий переулок 1» воқеъ аст. Шаҳрдории Москва қаблан гуфта буд, ки ба номи Каримов гузоштани майдонро ходимони илму ҳунар ва сиёсати Ӯзбекистону Русия дархост кардаанд.

Ислом Каримов дар синни 79-солагӣ даргузашт ва хабари марги ӯ 29 августи соли равон расонаӣ шуд, вале онро расман 2 сентябр эълон карданд.

Президенти Русия Владимир Путин барои гиромидошти хотираи президенти нахустини Ӯзбекистон 6 сентябр, дақиқтараш баъди се рӯзи ҷанозаи Каримов ба Самарқанд рафт.

Ислом Каримов 27 соли ахир президенти Ӯзбекистон буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *