“Мерседес” ба “Чакман” бархӯрду ду мурдаю се захмӣ ба ҷой гузошт

Дар як садамаи вазнин, ки  дар роҳи мошингарди «Деҳмой-Хуҷанд-Конибодом» рух дод, сокинони шаҳри Ваҳдат ба ҳалокат расиданд. 

6-уми январи соли 2021, тахминан соати 04:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», Бобоев Хушбахт Хурсандович, соли таваллудаш 2002, сокини ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди «Деҳмой-Хуҷанд-Конибодом», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромад.

Дар натиҷа  ба автомашинаи боркаши тамғаи «Чакман», таҳти идораи ронанда, Асроров Акмал Алихуҷаевич, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Обурдони ноҳияи Мастчоҳ бархӯрдааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Бобоев Х.Х. ва мусофираш Ғафуров Мирзомурод Гулмуродович, соли таваллудаш 1988, сокинони шаҳри Ваҳдат, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ичунин мусофирони дигари автомашинаи «Мерседес-Бенс», Отаёров Шодимурод Бобониёзович, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Рудакӣ, Отабоев Нуъмонҷон Валиҷонович, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳия Ҷ.Расулов ва Қурбонбеков Бекназар Юлдошевич, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *