Милиса пораро қабул накард

Се сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми додани пора ба кормандони милиса дастгир шудаанд. Ин се мард барои аз ҷавобгарӣ раҳо кардани ду наздики худ ба милиса 16 ҳазор доллар пешниҳод кардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 11 март хабар дод, ки се сокини 25.50 ва 58-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони додани пора ба кормандони милиса дастгир шудаанд. Дар гузориши нашршуда дар сомонаи вазорат гуфта мешавад: «Гумонбаршудагон, барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани пешдастгиршудагон, марди 53 ва ҷавони 22-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, ки барои содир намудани ҷинояти вазнин гумонбар мешаванд, ба кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе ба миқдори 7 ҳазору 480 доллари амрикоӣ, 60 ҳазору 700 сомонӣ ва 10 ҳазор рубли русиро ҳамчун пора пешниҳод намудаанд. Далелҳои шайъӣ гирифта шуданд.

Ҷамъи ин маблағе, ки ҳамчун пора пешниҳод шудааст, беш аз 16 ҳазор доллари Амрикоро ташкил медиҳад.

Тафсилоти дигари ин қазия ва инки он ду боздоштшуда ба чӣ айбдор мешуданд, дар ин хабар гуфта нашудааст. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, дар робита ба ин қасди додани пора ба кормандони милиса парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст ва тафтиш идома дорад.

Моддаи 320-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои додани пора ба шахси мансабдор ҳамчун ҷазо то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Вале банди дуюми ин модда мегӯяд, ки агар пора баа шахси мансабдор бо ҳадафи «аз ҷониби ӯ дидаю дониста анҷом додани ҳаракат(беҳаракатӣ)-и ғайриқонунӣ» дода шавад, ҷазояш алакай аз 5 то 10 соли зиндон бо мусодираи молу мулк аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *