Миллионерзани тоҷикро говкуш карданд (Видео)

Санаи 2-уми марти соли ҷорӣ, соати 13:00  зани машҳури хисориро, ки ба тиҷорати тилло машғул будааст,  дар маҳалаи 82-и ноҳияи Сино ваҳшиёна ба қатл расониданд.

Хайрулло  писари марҳум ба хабарнигори сомонаи “tajikistantimes.tj” гуфт, ки ҷавонписари 23 солаи восеъгӣ дар ин кор даст доштааст.  Номбурда зикр намуд, ки модараш аз касе қарздор набуд ва аз касе ҳам шикоят намекард.

“Қотил мақсади дузди надошааст, шояд ин амали супоришӣ бошад” мегӯяд, Хайрулло.

Тибқи итилои  Вазорати корҳои дохилӣ ҷасади ин зани 52 сола дар назди оромгоҳи деҳаи Дурманбулоқи ҷамоати деҳоти Лучоби ноҳияи Варзоб аз дохили автомашинаи тамғаи “Лексус-PX-350” бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне бо захмҳои халандаю буранда дар қисмати рӯй, гардан ва баданаш дарёфт карда шудааст. Аз рӯйи ин ҳодиса  паравандаи ҷиноӣ боз карда шуда тафтишод идома дорад.

                              

Тафсилоти пурраи  ҳодисаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед.

Р. Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *