Минтақаҳои муҳофизатии Тоҷикистон 20% афзоиш ёфтанд

Масоҳати минтақаҳои ҳифзшавандаи Тоҷикистон дар давоми 30 соли ахир аз 3 то 23 дарсади қаламрави кишвар афзоиш ёфтааст. Дар ин бора Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ дар ҷаласаи пленарии Конфронси байналмилалии муҳити зист, ки дар Олтой баргузор гардид, изҳор дошт.

Ба гуфтаи Сарвазир, ин пешравӣ натиҷаи сиёсати устувори ҳукумат дар самти ҳифзи муҳити зист мебошад. Ӯ ёдовар шуд, ки Боғи миллии Тоҷикистон, ки яке аз калонтарин минтақаҳои ҳифзшаванда дар кишвар ба ҳисоб меравад, соли 2013 ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудааст.

Қоҳир Расулзода дар суханрониаш таъкид намуд, ки тарбияи маърифати экологӣ, бунёди минтақаҳои нави муҳофизатшаванда ва татбиқи барномаҳои барқарорсозии табиӣ барои рушди устувор аҳамияти калидӣ доранд.

“Мо чунин мешуморем, ки барои нигоҳ доштани идоракунии устувори захираҳои табиӣ ва рушди маърифати экологӣ, ин иқдомҳо бениҳоят муҳим мебошанд,” – гуфт ӯ.

Сарвазири Тоҷикистон афзуд, ки ҳукумат ҷиҳати ҳифз ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва нигоҳдошти онҳо барои наслҳои оянда талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад.

“Ин санги аслии таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар аст. Тоҷикистон дар тӯли солҳои зиёд барномаи обу иқлимро дар сатҳи байналмилалӣ фаъолона пеш мебарад,” – изҳор дошт ӯ дар фарҷом.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *