Беш аз 1430 медал. Дастоварди варзишгарони Хатлон дар 6 моҳ
Дар шаш моҳи соли равон, варзишгарони вилояти Хатлон дар 19 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок карда, беш аз 100 медал ба даст оварданд.
Ин нукта имрӯз, 28 июл дар нишасти хабарии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш зикр карда шуд.
Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар нишасти хабарӣ афзуд, ки дар маҷмӯъ варзишгарон аз 79 мусобиқа ва чемпионати ҷумҳуриявию байналмилалӣ 424 медали тилло, 456 нуқра ва 556 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ӯ мегӯяд, бо иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ варзишгарони мо 108 медалро соҳиб шуданд, ки 44 медали он тилло аст.
Ба таъкиди вай, давоми соли ҷорӣ варзишгарони вилояти Хатлон аз иштирок дар мусобиқаҳои дохилӣ 1 ҳазору 328 медал ба даст оварданд, ки 380 медали он тилло мебошад.
“Варзишгарони вилояти Хатлон аз иштирок дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 1 ҳазору 436 медал ба даст оварданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 118 медал зиёд мебошад”, -гуфт номбурда.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ