Мирзиёев  вориди Душанбе шуд

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ин саҳар

бо сафари давлатӣ вориди  шаҳриДушанбе шуд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд.

Майдони фурудгоҳ ба хотири ташрифи роҳбари кишвари дӯсту ҳамсоя бо парчамҳои давлатии ду давлат ва шиору овезаҳои тараннумкунандаи дӯстии мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон идона оро ёфта буд.

Пас аз анҷоми маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ Сарони давлатҳо -муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар толори пазироии меҳмонони олимақоми Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе як суҳбати кӯтоҳи самимӣ доиркарданд.

Сарони давлатҳо аз имкони ин дидор ва нахустин ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози марҳилаи нави рушду густариши муносибатҳои неки дӯстию ҳамсоягӣ мегардад, изҳори қаноатмандӣ карданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *