Муҳлат 1 ҳафта! Вохӯрии Бег Сабур бо масъулини ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон

Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур дар вохӯрӣ бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва ширкатҳои интернетрасон вобаста ба мушкилоти соҳаи алоқа мулоқот анҷом додааст.

Тавре ки сомонаи ин хадамот иттилоъ медиҳад,  Бег Сабур дар ин вохӯрӣ масъалаҳои тезонидани раванди гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ, ҳалли мушкилоту монеаҳои мавҷуда ва таъмини дастрасии комили шаҳрвандон бо интернети баландсуръатро баррасӣ кардааст.

Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур дар як вохӯрӣ бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва ширкатҳои интернетрасон вобаста ба мушкилоти соҳаи алоқа мулоқот анҷом додааст.

Вобаста ба гузариш ба низоми пардохти ғайринақдӣ Бег Сабур ба масъулин супориш додааст, ки ҳамкорӣ бо бонкҳо ва ташкилотҳои молиявиро беш аз пеш тақвият бахшида, мушкилоту монеаҳо дар сатҳи ҷамоату деҳаҳоро бартараф кунанд.

Сардори Хадамот дар вохӯрӣ ба масъулин супориш додааст, то манотиқеро, ки дар он ҷойҳо дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ва интернет заиф аст, муайян карда, барои бартараф сохтани камбудиҳо дастбакор шаванд.

Барои ин аз ҳисоби масъулини Хадамоти алоқа, ширкатҳои мобилӣ ва сохторҳои дигар гурӯҳи корӣ ташкил шуда, барои омода намудани ҳисоботи мукаммал ба онҳо як ҳафта муҳлат дода шудааст.

“Пас аз пурра муайян гардидани ин гуна минтақаҳо, мушкилоти алоқаи мобилӣ ва интернет дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф шавад”, – ба масъулин супориш додааст Бег Сабур.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *