Муҳоҷирони қотил

 

Парвандаи се шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар куштори Юрий Чубаев, яке аз муассисони ширкати мудофиавии “Кираса”-и шаҳри Перм гумонбар мешаванд, ба додгоҳ рафтааст.

Бино ба иттилои Раёсати тафтишотии Русия дар вилояти Перм, парвандаро рӯзи 9 декабр ба додгоҳ ирсол кардаанд. Ин ниҳод гуфтааст, дар қатли Юрий Чубаев се зодаи Тоҷикистон — Юсуф Умаров, Саид ва Зоир Умаров даст доранд.

Юрий Чубаев шаби 24 апрел дар бустонсарояш дар деҳаи Троитс бо 120 зарби корд кушта шуд ва ба дунбол мақомоти Русия аз боздошти се шаҳрванди Тоҷикистон хабар доданд. Юсуф Умаров дар бозпурсиҳои муқаддамотӣ гуфтааст, дар анҷом додани ин қазия нақши “посбон”-ро мебозид ва бояд шарикони худро аз эҳтимоли хатар хабардор мекард. Зоир Умаров ба расонаҳо гуфта, “ман чанд маротиба ба шиками тағои Юрий бо корд задам”.

Ба гуфтаи ӯ, чанд сол пеш барои Юрий кор карда будааст. Раёсати тафтишотӣ дар вилояти Перм мегӯянд, куштори Чубаев бо мақсади ғорат анҷом шудааст: “Ҳамлагарон бо худ 400 ҳазор рубл ва смартфон бурдаанд”.

Ширкати таъсисдодаи Юрий Чубаев яке аз таъминкунандаҳои асосии Вазорати мудофиа ва Хадамоти федералии амнияти Русия бо василаҳои мудофиавӣ арзёбӣ мешавад. Ин ширкат дар ҳамкорӣ бо “Рособоронэкспорт” “бронижелет”-ҳояшро ба кишварҳои Африқо, Осиё ва Аврупои шарқӣ низ содир мекардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *