Муҷтабо Хоманаӣ: Интизорӣ қариб ба поён мерасад

Муҷтабо Хоманаӣ изҳор доштааст, ки Эрон ба зудӣ метавонад ба кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ табдил ёбад.

Ӯ дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии «Х» навиштааст, ки интизорӣ қариб ба поён расидааст.

Муҷтабо Хоманаӣ 56 сол дорад. Ӯ пас аз кушта шудани падараш – раҳбари пешини Эрон Алӣ Хоманаӣ дар пайи ҳамлаҳое, ки аз ҷониби Исроил ва Амрико рӯзи 28-уми феврал анҷом дода шудаанд, ба ҳайси сеюмин Раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб шудааст.

Муҷтабо Хоманаӣ писари дуюми раҳбари қаблии Эрон Алии Хоманаӣ аст. Ӯ 8-уми март баъди баррасии чанд номзад аз ҷониби Маҷлиси хибрагони Эрон ба ин мақоми баланд интихоб гардид.

Дар сохтори сиёсии Эрон, раҳбари олӣ баландтарин мақоми давлат маҳсуб мешавад. Ӯ сардори нерӯҳои мусаллаҳ аст ва салоҳиятҳои калидӣ дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар ихтиёр дорад. Ҳамчунин, таъйини роҳбарони ниҳодҳои муҳими давлатӣ ва низомӣ ба уҳдаи раҳбари олӣ мебошад.

Муҷтабо Хоманаӣ соли 1969 дар шаҳри Машҳад таваллуд шудааст. Ӯ таҳсилоти динӣ гирифта, солҳои зиёд дар муҳити рӯҳониёни баландмақоми Эрон фаъолият кардааст. Дар гузашта номи ӯ ҳамчун яке аз шахсони таъсиргузор дар атрофи раҳбари пешин зикр мешуд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки интихоб шудани ӯ метавонад ба идомаи сиёсатҳои давраи раҳбарии падараш таъсир расонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *