Табиби тоҷик, ки дар Афғонистон кушта шуд, дар Кӯлоб ба хок супурданд
Табиби 54-солаи тоҷик Адолат Ҳамидова, ки рӯзи 12-уми март дар Афғонистон ба ҳалокат расид, дар зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб ба хок супурда шуд.
Гуфта мешавад, ки Ҳамидова ҳашт соли охир дар як бемористони хусусӣ дар ноҳияи Имом Соҳиби Афғонистон ҳамчун пизишки занон фаъолият мекард. Ин ноҳия дар наздикии марзи Тоҷикистон ҷойгир аст.
Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ аз ҷониби шахсони ношинос дар хонааш ба қатл расонда шудааст. Ба пушташ як зарбаи корд ва ду зарбаи дигар ба тарафи дил задаанд.
Ҳамсояҳо бо шунидани садои доду фарёд ба кумаки ӯ шитофта, Адолат Ҳамидоваро ба бемористон бурданд, аммо табибон натавонистанд ҷони ӯро наҷот диҳанд.
Пайвандонаш мегӯянд, ӯ ният дошт барои таҷлили Иди Фитр ва дидани духтару хонаводааш ба Тоҷикистон баргардад, аммо рӯзи 13-уми март ҷасадаш ба кишвар оварда шуд.
Адолат Ҳамидова як духтари 14-сола дорад, ки ҳамроҳи хонаводааш дар шаҳри Кӯлоб зиндагӣ мекунад. Ҳамсари ин табиби тоҷик шаҳрванди Афғонистон буда, ба гуфтаи манбаъҳо, дар робита ба ин ҳодиса боздошт шудааст.
То ҳол сабаби кушта шудани ӯ маълум нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ