Таҷлили Наврӯзи оламафрӯз дар Шоҳмансур

16 март дар боғи «Алишер Навоӣ»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Муассисаи давлатии «Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур» ва дар ҳамкорӣ бо шабакаи телевизионии «МИР» бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиши идона мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур Асомиддин Бобозода, кормандони шабакаи телевизионии «МИР», омӯзгорон ва таълимгирандагони марказ иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо навои карнаю сурнай оғоз гардида, меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, хони ҳафтсину ҳафтшин ва анъанаҳои миллии тоҷикон дидан карданд.

Дар идомаи барнома таълимгирандагон барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод намуда, як қатор иштирокчиён ва ташкилотҳои ҳамкор бо диплому сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Иштирокчиён ҷашни Наврӯзро бо дастархони идона, бозиҳои варзишӣ ва муаррифии суннатҳои қадимаи миллӣ бо рӯҳияи баланд таҷлил намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *