Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон –кафолати хизматрасонии босифат
Ҳамасола 15-уми март дар тамоми ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил карда мешавад. Ин сана яке аз рӯзҳои муҳим дар тақвими байналмилалӣ буда, ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа оид ба ҳуқуқ ва манфиатҳои истеъмолкунандагон равона гардидааст. Таърихи ин сана ба фаъолияти ташкилоти байналмилалии Consumers International (CI), ки соли 1960 таъсис ёфтааст, иртибот дорад. Ин ташкилоти ғайритиҷоратӣ беш аз 60 сол аст, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон фаъолият бурда, қариб дусад ташкилоти ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз зиёда аз 70 давлати ҷаҳонро муттаҳид менамояд. Ҳамзамон, ташкилот дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ба монанди ЮНЕСКО ва Созмони Милали Муттаҳид барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ва таълимӣ саҳми назаррас мегузорад.
Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1983 ҷорӣ гардидааст. Баъдан, 9 апрели соли 1985 Ассамблеяи генералии СММ дастурҳоро оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон қабул намуд, ки боиси эътирофи расмии ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар сатҳи байналмилалӣ гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ ҳамасола 15 мартро ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил менамояд. Дар ин рӯз дар саросари кишвар силсилаи чорабиниҳои маърифатӣ ва иттилоотӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ташкилотҳои дахлдор баргузор карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул гардид. Қонуни мазкур муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон ва фурӯшандагонро ҳангоми фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ танзим намуда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои дастрасӣ ба молу хизматрасонии босифат ва бехатар, гирифтани маълумоти пурра ва ҳимояи давлатии манфиатҳои онҳо муайян менамояд. Ҳамзамон, соли 2022 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид гардида, 15 март расман ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон эътироф карда шуд.
Дар ин самт Амонатбонк низ ҳамасола чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ баргузор менамояд. Аз ҷумла, барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, соҳибкорон ва дигар қишрҳои ҷомеа семинарҳои омӯзишӣ, вохӯриҳои иттилоотӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил карда мешаванд.
Дар доираи ин чорабиниҳо мутахассисони бонк дар муассисаҳои таълимӣ, марказҳои хизматрасонӣ, нуқтаҳои савдо ва бозорҳо ба шаҳрвандон оид ба талаботи қонунгузории кишвар дар соҳаи молия ва бонкдорӣ маълумоти муфассал пешниҳод менамоянд. Ҳамчунин, дар даромадгоҳи бинои асосии бонк банери махсус бахшида ба 15 март – Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон насб карда мешавад. Дар рафти чунин чорабиниҳо ба иштирокчиён оид ба ҳуқуқҳои асосии истеъмолкунандагон дар соҳаи хизматрасониҳои бонкӣ маълумот дода мешавад. Аз ҷумла, ҳуқуқ ба гирифтани маълумоти пурра, ҳуқуқ ба сирри бонкӣ, ҳуқуқ ба бехатарӣ ва ҳуқуқ ба интихоб шарҳ дода мешаванд. Ҳамчунин, тартиби муроҷиат ба бонк дар ҳолати ба вуҷуд омадани баҳсу мунозираҳо, фарқ намудани маҳсулоти бонкии манфиатнок, таваҷҷуҳ ба меъёрҳои фоизӣ ва шартҳои шартномаҳои амонатӣ ва қарзӣ, инчунин бартарияти пардохтҳои ғайринақдӣ ҳамчун омили муҳими ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон шарҳ дода мешавад. Ба иштирокчиёни чорабиниҳо буклетҳо ва маводи иттилоотии маҳсулоти бонкии Амонатбонк дастрас карда шуда, ҳамзамон корҳои таблиғотию ташвиқотӣ оид ба хизматрасониҳои молиявии бонк миёни аҳолӣ роҳандозӣ мегарданд.
Маълумот оид ба баргузории ин чорабиниҳо дар сомонаи расмии Амонатбонк ва шабакаҳои иҷтимоии он мунтазам нашр карда мешаванд.
Ҳамчунин, хотиррасон менамоем, ки барои ҳимояи ҳуқуқи мизоҷон дар Амонатбонк Маркази тамос (Call centre) фаъолият мекунад. Дар сурати пайдо шудани мушкилот мизоҷон метавонанд бо рақами кӯтоҳи 1885 тамос гирифта, масъалаи худро баён намоянд. Илова бар ин, ҳар рӯзи шанбе аз соати 9:00 то 12:00 тибқи супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти Амонатбонк баргузор мегардад. Дар ин вақт мизоҷон метавонанд барои ҳалли масъалаҳои худ ба раиси бонк, муовинони ӯ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории бонк муроҷиат намоянд.
Ҳамин тавр, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти иҷтимоии бонк ба ҳисоб меравад.
Амридин Зайниддинов,
сардори шуъбаи бозомӯзӣ ва рушди кормандони идораи методология ва бозомӯзии кормандони КВД БА ҶТ “Амонатбонк”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ