Фаррух Мақсудзода бо пардохти 300 ҳазор сомонӣ аз боздошт озод шуд
Фаррух Мақсудзода, собиқ сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд, ки бо гумони гирифтани ришва боздошт шуда буд, бо пардохти 300 ҳазор сомонӣ ҷарима аз ҳабс озод шудааст.
Ба гуфтаи як намояндаи Додгоҳи вилояти Суғд, қарори озод кардани ӯ 6-уми марти соли 2026 қабул гардидааст. Манбаъ 16-уми март бо шарти ифшо нашудани номаш ба “Радиои Озодӣ” гуфтааст, ки бо назардошти рӯзҳои дар боздошт будани Мақсудзода, нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима таъйин гардида, пас аз пардохти маблағ аз ҳабс раҳо шудааст. Гуфта мешавад, ки ӯ тақрибан се моҳ дар боздоштгоҳ қарор дошт.
Худи Фаррух Мақсудзода дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ озод шуданашро тасдиқ кард, аммо аз додани ҷузъиёти бештар худдорӣ намуд. Ӯ танҳо гуфт, ки аз ҳукми додгоҳ розӣ буда, ният дорад дар рӯзҳои наздик фаъолияти худро дар яке аз шифохонаҳои хусусӣ идома диҳад.
Ёдовар мешавем, ки хабари боздошти Фаррух Мақсудзода охири моҳи декабри соли 2025 расонаӣ шуда буд. Мақомоти қудратӣ он вақт боздошти ӯро ба гумони ришвагирӣ рабт дода буданд. Аммо Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон, гуфта буд, ки ин ҳолат ба фаъолияти соҳибкории ӯ иртибот дорад.
Тамаъҷӯӣ ва гирифтани ришва дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон яке аз мушкилоти ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Пештар Оҷонси зидди фасод дар гузорише соҳаҳои тандурустӣ ва маорифро аз ниҳодҳои фасодзадатарин дар кишвар ном бурда буд.
Фаррух Мақсудзода тобистони соли 2025 ба вазифаи сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд таъйин шуда буд. Ӯ қаблан муддате сардухтури бемористони вилоятӣ низ фаъолият кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ