Донишгоҳи технологии Тоҷикистон-интихоби дуруст барои ояндаи дурахшон!

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии бонуфузи ҷумҳурӣ буда, ҳамчун ҳамқадами Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус, дар омода намудани мутахассисони соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ ва иттилоотию зеҳни сунъӣ нақши калидӣ дорад.

Донишгоҳ дар давоми 35 соли мавҷудияташ барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар зиёда аз 20200 нафар мутахассиси рақобатпазирро тайёр намудааст, ки 680 нафарашон донишгоҳро бо дипломи аъло хатм карда, дар соҳаҳои калидии иқтисодиёти ҷумҳурӣ фаъолият карда истодаанд. Устодони донишгоҳ аз он ифтихор мекунанд, ки аз байни дастпарварони донишгоҳ вазирони вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони мақомоти давлатӣ, раисони шањру ноњияњои љумњурї, даҳҳо номзаду докторони илм ба камол расиданд. Хатмкардагони донишгоҳ дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Россия, Қазоқистон, Англия, ИМА, Олмон, Канада таҳсилро идома дода, соҳиби дараҷаҳои илмии номзади илм ва докторони илм гардида, фаъолияти пажӯҳишии худро идома дода истодаанд. Донишгоҳ барои дар сатҳи талаботи стандартҳои байналмилалӣ тайёр намудани мутахассисон дорои потенсиали баланди илмӣ-омӯзгорӣ ва заминаи мустаҳками моддию техникӣ мебошад. Дар донишгоњ зиёда аз 90 синфхона бо тахтаҳои электронӣ ва асбобҳои мултимедиявӣ ҷиҳозонида шуда, дар ҷараёни таълим ва корҳои илмию таҳқиқотӣ беш аз 1000 компютер, 22 синфхонаи компютерӣ, зиёда аз 33 озмоишгоҳи тахассусӣ мавриди истифода қарор доранд.

Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Мавҷудияти озмоишгоҳҳои тахассусии таълимӣ, ҳамкории васеъ бо корхонаҳои саноатӣ имконият медиҳанд, ки донишҷӯён баъди хатми донишгоҳ ба талаботи бозори меҳнат тайёр бошанд ва соҳиби ҷойи кор гарданд. Донишҷӯён дар давоми таҳсил ба корхонаҳои саноатӣ, бонкҳо, ширкатҳо ба таҷрибаомӯзӣ ва гузаронидани дарсҳои тахассусӣ ҷалб карда мешаванд. Донишҷӯён дар марказҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва дизайн иштирок намуда, маҳорати касбии худро метавонанд сайқал диҳанд ва нозукиҳои дӯхтани сару либос, зардӯзӣ, расмкашию нақшбандӣ дар армуғонҳоро аз худ намоянд. Инчунин, дар донишгоҳ аз рӯйи 36 ихтисос курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ-сертификатсионӣ амал менамоянд.

Ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ васеъ буда, бо 140 таълимгоҳи олии хориҷи кишвар ҳамкорӣ дорад. Дар назди донишгоҳ фаъолият намудани Маркази муштараки Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ имконият медиҳад, ки донишҷӯён забонҳои муосири барномасозиро аз худ намуда, тарзи барномарезии кори роботҳо ва савораҳои беодамро аз худ намоянд. Донишгоҳ аз рӯйи 58 ихтисос дар зинаи бакалавр, аз рӯйи 38 ихтисос дар зинаи магистратура ва аз рӯйи 18 самти илмӣ докторантура аз рӯи ихтисос PhD мутахассис таӣёр мекунад. Дар донишгоҳ ихтисосҳои нав-зеҳни сунъӣ ва иќтисодиёти раќамӣ таъсис дода шудааст, ки мутахассисонро мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ бо ҷалби мутахассисон аз Кореяи Ҷанубӣ омода менамояд.

Соли 2022 дар донишгоҳ Маркази забономӯзии Донишкадаи шоҳ Сеҷонги Ҷумҳурии Корея бо синфхонаи муосири лингофонӣ ифтитоҳ ёфт, ки дар он курсҳои забономӯзии куриёгӣ бо ҷалби омӯзгорон аз Кореяи Ҷанубӣ гузаронида мешаванд. Ҳамасола дар донишгоҳ озмунҳои “Ихтироъкори ҷавон” ва “Беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯӣ” гузаронида шуда, ғолибон бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Дар назди кафедраҳои тахассусӣ 20 маҳфили илмӣ-инноватсионӣ фаъолият намуда, барои баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии донишҷӯён мусоидат менамоянд.

Довталабони гиромӣ!

Агар шумо воқеан ҳам мутахассиси баландихтисоси дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷи мамлакат рақобатпазир шудан хоҳед, ихтисосҳои Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро интихоб намоед.

Рамзи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рақами 107 мебошад.

Суроғаи донишгоҳ: ш. Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев 63/3

Тел. (+992 37) 234-79-88, 234-79-90

Суроғаи электронӣ: [email protected] http//www.tut.tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *