Рӯзи 20 март-Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон

Имсол дар Тоҷикистон Иди саиди Фитр рӯзи 20-уми март таҷлил мешавад. Ин тасмим имрӯз, 17 март дар ҷаласаи Шӯрои уламои кишвар қабул шудааст.

Намози иди Рамазон

Намоз соати 7:30-и субҳи 20-уми март дар ҳамаи масоҷиди Тоҷикистон хонда мешавад.Имомхатибон вазифадор шудаанд, ки мардумро ба ёрии моддӣ ба муҳтоҷон, пешгирии исрофкорӣ ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят кунанд. Ҳамчунин, матни табрикоти Шӯрои уламо ба мардум расонида мешавад.

Фитри рӯза

Ҳар шахс бояд 7 сомонӣ фитри рӯза пардохт кунад. Соли гузашта ин 8 сомонӣ буд. Ин садақа бояд то пеш аз намози иди Фитр супурда шавад. Яке аз суннатҳои рӯзи ид ин таъхир андохтани намози ид мебошад, то садақа ба дасти фақирон расида, ба хонаводаи онҳо ёрӣ расонида шавад.

Нисоби закот

Агар шахс 64 000 сомонӣ ё бештар мол дошта бошад, бояд 1 600 сомонӣ закот диҳад.Сол гузашта нисоб 36 900 сомонӣ ва маблағи закот 880 сомонӣ буд. Имсол ҳам нисоб ва ҳам маблағи закот қариб ду баробар афзоиш ёфтааст.

Фидяи савм

Барои онҳое, ки рӯза намегиранд, фидя барои 30 рӯз 420 сомонӣ (14 сомонӣ барои як рӯз) муқаррар шудааст.Соли гузашта ин маблағ 480 сомонӣ (16 сомонӣ барои як рӯз) буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *