Мукофот 12 000 сомонӣ. Озмун дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Имрӯз соати 16:00 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни кормандони опперативӣ ва ҷустуҷӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гашт. 

Имрӯз соати 16:00 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни кормандони опперативӣ ва ҷустуҷӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гашт.

Онро Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ифтитоҳ намуд. Сипас раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саидмумин Ятимов ҳозиронро бо сабқати касбӣ, ки ҳамасола баргузор мегардад, табрик намуд.

Ҳайати ҳакамони озмун аз ҷумлаи олимони соҳаи ҳуқуқ аз донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ интихоб гардиданд. Дар озмун 20 нафар кормандони опперативӣ иштирок мекунанд. Барои ғолибони озмун се мукофот супорида мешавад. Барои ҷои аввал 5000, ҷои дуюм 4000 ва сеюм 3000 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Ба ду нафар аз ғолибон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ нишони сарисинагии “Беҳтарин корманди опперативӣ” супорида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *