Муллои суннимазҳабро дар Эрон куштанд

Матбуоти Эрон хабар дод, ки рӯҳонии суннимазҳаб Абдулғаффор Ҷамолзай дар вилояти Гулистон кушта шуд.

Дар гузоришҳо омадааст, ки Ҷамолзай, имоми намози рӯзи ҷумъа дар деҳкадаи Ризообод, субҳи 27-уми ноябр мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт. Ӯро аз пушт бо камони шикорӣ куштанд.Хабаргузории давлатии Эрон — IRNA навишт, ки ба сӯи Ҷамолзай, намояндаи қавми Балуч, дар назди масҷиди шаҳри Ромиён, 20-километрии шимолу шарқи Теҳрон чаҳор дафъа тир кушоданд.IRNA аз қавли як манбаи беном гуфтааст, ин куштор эҳтимол бар пояи хусумати шахсӣ ва ихтилофҳои қабилаӣ ба вуқуъ пайваст.Мақоми баландпояи пулис аз оғози таҳқиқи қазия хабар додааст.Сунниҳо 10 дар сади аҳолии 80-миллионии Эрони асосан шиамазҳабро ташкил медиҳанд. Моҳи июл як ҳамлагари мусаллаҳ рӯҳонии суннимазҳабро дар қисмати ҷанубу шарқи Эрон мавриди ҳамла қарор дод ва ба ҳалокат расонд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *