Нозия ва Юлдуз ба консерти Муҳаммадрафӣ меоянд?

Муҳаммадрафии Кароматулло, ҳунарманди ҷавону овозадоре, ки ҳазорон-ҳазор бонувон тайёранд барои ӯ ҷонашонро фидо созанд, ба дилбохтагони ҳунараш боз як туҳфаи олиҷаноб мекунад. Ба хотири гиромидошти падари бузургвораш, хунёгари нотакрор, зиндаёд Кароматуллои Қурбон Муҳаммадрафӣ рӯзи 29-уми ноябр дар толори Филармонияи Давлатии Тоҷикистон шоу-барномаи рангинеро пешкаши ошиқони савту наво хоҳад кард. Ин барнома аз консертҳои пештара чӣ тафовут дорад? Нозияи Кароматулло дар консерти имсола баромад мекунад ё не? Рост аст, ки ситораи эстрадаи узбек Юлдуз Усмонова ба консерти Муҳаммадрафӣ меояд?

Барои ба ин ва дигар саволҳои худу хонандагон посух гирифтан, мо Муҳаммадрафии Кароматуллоро ба идораи ҳафтаноиаи “Оила” ба “Мулоқоти ғоибона” даъват намудем.

                                                         Ёди падар

Савол:-Муҳаммадрафӣ, консерти Шумо ҳамасола дар арафаи зодрӯзи падари бузургворатон доир мегардад. Ба санъат рӯ овардану сароянда шудани Шуморо намешавад бе ёдоварӣ аз Кароматуллои Қурбон баррасӣ намуд. Ҳамин тавр не?

Ҷавоб: -Оре, 29-уми ноябр барои аҳли оилаи мо як рӯзи муқаддас аст, рӯзи хотирмон аст. Ҳамасола дар ин рӯз мо ба хотири гиромидошти ёди падар барномаи консертӣ баргузор мекунем, то табъи мухлисони Кароматуллои Қурбон ва ҳаводорони ҳунари ману хоҳарам болида гардад.

Савол:-Қисмати номард шуморо дар 7-солагӣ мард кард. Ҳарчанд хеле барвақт аз падар ятим мондед, боварӣ дорем, ки дар ангораҳои хотиратон лаҳзаҳои ширини бо падар будан боқӣ мондаанд…

Ҷавоб:-Ман каме бештар аз 6 сол доштам, ки падари шуҳратмандам ба фоҷиа гирифтор шуд, аз ҳамин хотир, ҳамаи он лаҳзаҳои ширини бо падар буданро ёд надорам. Танҳо навозишу меҳрубониҳояшон ва ҳангоми аз маъракаву консертҳо баргаштани падарам худро ба оғӯши ӯ ҳаво доданамон дар ёдам мондаасту халос. Модарам нақл мекунанд, ки падарам шабҳо то саҳар бо эҷод машғул шуда, ҳатто хобу хӯрро фаромӯш мекардаанд. Модарам як хӯрокро чанд маротиба гарм карда, ба наздашон медаровардаанд…

Савол:-Номи Кароматуллои Қурбон дар санъат ба шумо визитка шуд?

Ҷавоб:-Албатта буд, ҳаст ва мемонад! Ман то синни 18-20- солагӣ ҳамеша сурудҳои падарамро месурудам. Ин аз як тараф хуб буд, зеро маро ҳамчун фарзанди Кароматуллои Қурбон мешинохтанд, вале аз ҷониби дигар номи худи ман зери сояи номи падарам монда буд. Ба хулосае омадам, ки як-ду соли дигар кӯшиш мекунам, агар нашавад, тарки саҳна хоҳам кард. Барои санҷиш худам 10-12 суруд эҷод намудам. Вақте ки албоми таронаҳоямро пешкаши мухлисон гардондам,  “Биҳишти гумшуда”, Шабу шаб”, “Маро дигар намеёбӣ”, “Нисоҷонгулак” ва боз чанд суруди дигари ман вирди забони халқ гашт ва маро ҳамчун Муҳаммадрафӣ мешинохтагӣ шуданд. Аз ҳамон вақт дарк намудам, ки ҳунарманд то моли худро надошта бошад, бо копияхонӣ дар ҷодаи санъат “ман”-и худро пайдо намекунад.

Савол:- Кароматуллоҳи Қурбон шуҳрати зиёд ва дар баробари ҳазорон одамоне, ки ӯро дӯст медоштанд, душман ҳам дошт. Шумо ҳам имрӯз шахсияти шинохта ва дар олами мусиқӣ чеҳраи намоён ҳастед. Ягон душманиҳоро нисбат ба худ эҳсос мекунед?

Ҷавоб: Албатта дар кулли дунё дар ҳама соҳа рақобат буд, ҳаст ва мемонад. Рақобат омилест, ки ба пешравӣ талқин мекунад, вале мутаассифона баъзан рақобат носолим ва ҳатто номардона мешавад. Ман аз ин чиз намеҳаросам, чунки ҳунар дорам, ба худам боварии калон дорам ва ҳамеша ба пеш ҳаракат мекунам.

                                                      Сюприз ба мухлисон

Савол:- Ҳар як барномаи консертии Шумо ягон сюрприз дорад. Имсол мухлисонро бо чӣ ба ҳайрат меоред?

Дилафрӯз, н. Ҳисор

Ҷавоб:-Консертро ба таври шоу-барнома таҳия кардаем. Чанд дуэтҳои нав дорам, вале бо киҳо якҷоя суруд хонданамро намегӯям, чунки ин сюрприз аст. Фақат ҳамин қадарашро мегӯям, ки бисёр ҳунармандони машҳур дар барнома иштирок менамоянд. Биёед, ҳамаашро бо чашми худатон мебинед!

                                   Юлдуз Усмонова ба консерти Муҳаммадрафӣ меояд?

Савол:-Муҳаммадрафӣ, Шумо дар барномаи “Шоми дӯстӣ” дар кишвари ҳамсоя иштирок доштед. Мардуми узбек ҳунарнамоии санъаткорони тоҷикро чӣ хел қабул карданд?

Шерзод, н. Ашт.

Ҷавоб:- Шукри Худо ман қариб дар ҳама сафарҳои хориҷӣ ширкат меварзам ва пеш аз “Шоми дӯстӣ” низ ба кишвари ҳамсоя сафар доштам. Дар рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон ҳамин хел амр шуд, ки суруди раҳматии падарамро сароям. Мухлисони падарам дар он ҷо зиёданд. Моро ба дараҷаи олӣ қабул карданд. Бисёр дӯстони падари бузургворамро дидам, аз ҷумла апаи Юлдуз Усмонова, ки мо ҳамроҳ дуэт сароида будем. Ин сафар як умр дар лавҳи хотири ман боқӣ хоҳад монд…

Савол:-Замоне, ки бо Юлдуз Усмонова дуэт хондед, ҳанӯз роҳҳо баста буданд. Ба шумо чӣ гуна муяссар гашт, ки ин таронаро сабт намоед?

Муҳайё, аз Ҷумҳурии Узбекистон.

Ҷавоб: —Апаи Юлдуз зиёд мехостанд дар консерти ман иштирок кунанд, вале имконият набуд, зеро роҳҳо кушода набуданд. Аз ҳамин хотир, пешниҳод кардам, ки суруди “Ҷони ман”-ро ҳамроҳ сароем. Пешниҳоди маро қабул карда, он кас ин таронаро суруданд ва сабти овозашонро фиристоданд. Пас аз ин ман садоҳоро монтаж кардам ва ҳамин тавр дуэти олиҷанобе тавлид шуд.

Савол: -Роҳҳо кушода шуданд. Дар консерти имсолаатон Юлдуз Усмонова иштирок мекунад?

Сафарбек, аз н. Шаҳринав.

Ҷавоб:— Дар мавриди ба консерт омадани апаи Юлдуз айни замон чизе гуфта наметавонам, вале ман ният дорам, ки пас аз ин консерт дар Узбекистон як барномаи консертӣ барпо намоям. Худо хоҳад, дар он ҷо мо ҳатман ин дуэтро ҳамроҳи Юлдуз Усмонова месароем.

Нозия суруд мехонад, аммо…

Савол: -Ду рӯз боз дар тамоми гӯшаву канорҳои шаҳр таронаи нави шумо ва Нозия садо дода истодааст. Ин дуэти олиҷанобро дар хориҷи кишвар сабт намудед?

Фараҳноз, ш. Душанбе.

Ҷавоб:-Дуэти “Ишқи рӯҳафзо”-ро мо дар хориҷи кишвар не, дар Искандаркӯли худамон сабт намудем. Суруд мазмуни баланд ва оҳанги дилчасп дошта бошад, ҳатто ба клип кардан ниёз надорад, чунки таронаи хуб зуд дар дили мардум ҷо мегирад. Далели равшани ин гуфтаҳо ҳамин таронаи нави ману Нозия аст, ки дар ду рӯз қариб як миллион лайк гирифт. Баъдан, манзараҳои биҳиштии Тоҷикистони моро дигар давлатҳо орзу мекунанд. Шарт нест, ки барои клип ба навор гирифтан ба Амрико ё Дубай равем.

Савол:-Нозия қариб се сол боз бо тарбияи фарзандонаш машғул буда, дигар ба саҳна намебарояд. Мухлисаш ҳастам ва мехостам донам, ки Нозияҷон ба консерти бародараш меояд ё не? 

Шаҳзода, н. Рӯдакӣ.

Ҷавоб:-Айни замон Нозия ҳамроҳи модарам дар Ҳиндустон аст. Умедворам, ки то рӯзи консерт расида меоянд.

OLYMPUS DIGITAL CAMERA

                                                 Шоу-бизнес ба кӣ фоида меорад?

Савол:-Миллионҳо лайку просмотрҳое, ки клипҳоятон дар Ютуб мегиранд, барои шумо чӣ медиҳанд? Фоидаи пулӣ мегиред ё не?

Рустам аз н. Ҳисор.

Ҷавоб:-Ба ман ҳиси фараҳу хушҳолӣ медиҳад, вале пул не! Ният дорем, ки минбаъд бо шабакаҳои иҷтимоӣ қарордод бубандем.

Савол:-Муҳаммадрафӣ қариб ҳар сол консерт медиҳад ва фиттаи нав мебарорад. Аз ҳисоби сурудҳоятон миллионер шудагистед?

Фарух, аз ш. Хуҷанд.

Ҷавоб:-Мутаассифона, дар кишвари мо ҳанӯз шоу-бизнес ба роҳ монда нашудааст ва на танҳо ман, балки дигар ҳунармандони тоҷик низ аз маҳсули эҷодашон даромад гирифта наметавонанд. Клипу таронаҳои мо дигаронро бой мекунанд. Студияҳо мегӯянд, мо омодаем ҳаққи заҳмати ҳунармандонро пардохт намоем, вале ҳамин ки як таронаи нав баромад, пиратҳо дарҳол бозорро пур мекунанд. Умедворам, ки ин масъала ҳалли худро меёбад ва мо ақаллан нисфи хароҷоти худро мепӯшонем.

Савол:-Шумо ба ғайр аз сарояндагӣ боз маҳорати оҳангсозӣ низ доред. Оҳангҳоятонро ба ягон кас мефурӯшед?

Самандар, аз ш. Бохтар.

Ҷавоб:-То ҳозир нафурӯхтаам. Аллакай чанд ҳунармандон хоҳиш карданд ва ман ният дорам, ки барои онҳо оҳанг тақдим кунам.

Савол:-Матни таронаҳоятонро аз кӣ бо кадом қимат мехаред?

Санавбар, аз н. Ҷомӣ.

Ҷавоб:-Аз шоирони муосир, ман бо Орзу Исоев ҳамкорӣ дорам, ки то ҳол ягон бор бар ивази шеъраш маблағ талаб накардааст.

                                                           Аз ҳар боб

Савол:-Ман ният дорам, ки ба наздикӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як мактаби мусиқӣ ва ё музей ташкил карда, ба он номи Кароматуллои Қурбонро гузорам. Дар кушодашавияш шуморо таклиф кунам, меоед?

Ҷавоб: -Албатта меоям ва ҳатто кӯмак ва дастгирӣ мекунам, то мактаби мусиқӣ ё музейи ташкилкардаи шумо серодам гардад.

Савол: -Шумо хеле ҷавон ҳастед, вале фарбеҳ шудаед. Фитнес ё машқи бадан мекунед?
Нодира, ш. Ваҳдат.

Ҷавоб:-Назар ба пештара каме хароб шудаам, чунки “диета” карда истодаам. Субҳ аз хоб хеста, як пиёла обро бо лимон аралаш карда менӯшам. Бар замми ин, медавам ва машқи бадан мекунам. Дар хона “Беговая дарожка” дорам, барои ҳамин ба толорҳои варзишӣ намеравам.

 Савол:-Бисёр чеҳраи зебою дилкаш доред. Барои нақшофарӣ ба ягон филм даъват нашудаед?
Сайринисо, н. Балҷувон.

Ҷавоб:-Борҳо даъват карданд, вале то имрӯз ягон сенарияи табъи дил пешкаш нашудааст, ки дар он филм нақш бозам. Азм дорам, ки дар бораи падарам ягон филм ба навор гирифта, нақши падарро худам бозӣ кунам. Худо хоҳад, баъди консерт аз паси ҳамин кор мешавам.

Савол: -Ман мухлиси ашаддии Муҳаммадрафии Кароматулло ҳастам ва бо Нозия дуэт хонданашро дида, рашкам меояд.  Мехоҳам ба ҷои Нозия ман дар паҳлӯи Муҳаммадрафӣ бошам. Овози ширин дорам, агар хоҳиш кунам, ҳамроҳи ман тарона мехонед?

Гавҳар, аз маҳалаи 33.
Ҷавоб:-Албатта ман шуморо дастгирӣ мекунам, агар маҳорати дуэт хондан дошта бошед ва садоятон ба садои ман ҷӯр бошад. Фақат ҳаминро дониста бошед, ки бо як-ду суруд одам санъаткор намешавад. Барои ҳунарманди асил шудан як умр машқ кардан лозим аст.

Савол:-Шумо имрӯз шуҳрат, пул, ҳунар, бахт, хулоса ҳама чизро доред. Бароятон боз чӣ намерасад?

Нигина, аз ш. Конибодом.

Ҷавоб:-Боз ҳам бойтар шудан мехоҳам! (Механдад)

                                              Асрори зиндагӣ ва эҷодиёти Муҳаммадрафӣ

Савол:-Даромаде, ки аз санъат ба даст меоред, ба зиндагиатон мерасад ё ягон бизнеси дигар ҳам дорад?
Алиева Ҷумагул, хонандаи “Оила”.

Ҷавоб:-Сарчашмаи даромада мо яктост-тӯй ва боз ҳам тӯй!
Савол:-Бо модаратон якҷоя зиндагӣ мекунед ё алоҳида?
Шаҳло Оқилова.

Ҷавоб:-Алоҳида. Солҳои охир ман бо зану кӯдаконам дар маҳаллаи 82 зиндагӣ карда истодаам.

Савол:-Муҳаммадрафӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳам консерт медиҳад?

Як гурӯҳ духтарон, аз ш. Хуҷанд.
Ҷавоб:-Соли гузашта 29-ноябр дар шаҳри Хуҷанд ду консерти калон дода будам. Худо хоҳад, имсол низ кӯшиш мекунам, ки ба ин сарзамини бостонӣ сафар намуда, хотири мухлисонамро шод созам.

Савол:- Суруди “Қиссаи дарё” чӣ гуна тавлид ёфтааст? Ба зиндагии воқеии шумо ин тарона чӣ иртибот дорад?

Насим Каримов, вилояти Суғд.
Ҷавоб:-Дӯсти падарам Салими Сармаст маро ба хонааш таклиф карда гуфт, ки дар васфи падар як таронаи хуб дорам, агар писандат ояд, онро ба ту туҳфа мекунам. Рафтам, сурудро гӯш кардам ва ба он кас гуфтам, ки ягон оҳанги дигар ҳам доред. Чанд оҳангро пешкаш карданд, аз байнашон ҳамин “Қиссаи дарё” ба дилам нишаст. Пурсидам, ки ин таронаҳоро барои кӣ эҷод кардед. Хандида гуфтанд, ки барои худам эҷод карда будам, вале писандат омада бошад, бихон. Хулоса, сурудро ба назди Орзу Исоев овардам ва баъзе ҷойҳояшро камтар дигар карда, сабт намудам. Клипашро дар Варзоб ба навор гирифтем.

Савол: -Кадом таронаҳоятон ба худи шумо бештар писанданд?

Саодат, аз маҳаллаи Чорбоғ.
Ҷавоб: -Албатта ман, ки барои ҳар як суруд заҳмат мекашам, тамоми таронаҳоям бароям мисли фарзанд азизанд, вале “Биҳишти гумшуда”, “Маро дигар намеёбӣ”, “Биё” , “Оҳуи рамида” ва “Модар фаришта буд” ба дилам наздиктаранд.

 Савол:-Бо забони узбекӣ ягон суруд доред?
Мукаррама, аз ш. Бохтар.

Ҷавоб:-То ҳол не, чунки забони ӯзбекиро намедонам, вале ният дорам, ки як суруди ӯзбекиро ба мухлисони ӯзбекзабонам пешкаш созам.

Савол:-Ҳар як инсон новобаста аз ситора ё одами заминӣ буданаш, эҳсосот дорад. Шуморо сахт ба ғазаб оранд, чӣ кор мекунед? Дашном медиҳед, мезанед ё аз болои он одам арзу шикоят мекунед?

Сайфулло, аз ш. Кӯлоб.

Ҷавоб:- Душвор бошад ҳам, хашмамро фурӯ мебарам, то имрӯз касеро назадаам. Кӯшиш мекунам, ки бо ягон кас мушт ба гиребон нашавам.

Савол:-Дар тӯю маъракаҳо баъзан авбошбачаҳо ба сари ҳофизон зӯрӣ мекунанд. Мабодо нисбати Шумо чунин рафтор кунанд, чӣ кор мекунед?

Маҳтоб, аз ш. Данғара.

Ҷавоб: -Кунанд не, кардаанд! Ман аз синфи 10 инҷониб дар тӯю маъракаҳои мардум хизмат мекунам ва борҳо бо чунин одамон рӯ ба рӯ шудаам, вале ягон бор ҷангу ҷанҷолу кашокаш накардаам. Хуб мегӯяму кори худамро мекунам.

Савол:-Шудааст, ки ягон бор аз пушти духтар ҷанг карда бошед?

Гулнигор, аз ш. Ваҳдат.

Ҷавоб: —Не, ҷанг накардаам, чунки духтарбоз нестам.

                                   Муҳаммадрафии Кароматуло зани дуюм дорад?

Савол:-Шумо хело ҷавон, дар 18- солагӣ оиладор шудед. Аз он ки барвақт ба поятон занҷир бастанд, бурд кардед ё бохт?

Зулфия, аз маҳаллаи Зарафшон.

Ҷавоб:- Ман дар синни 16- солагӣ ба духтари ҳамсояамон ошиқ шуда, дар 18-солагӣ оиладор шудам. Дигаронро намедонам, лекин шахсан ман аз барвақт оиладор шудан бурд кардам. Худованд ба ман оилаи хуб ва ҳамсари нозанин дод.  Шукронаи Худо соҳиби чаҳор фарзанди дӯстрӯяк ҳастем ва зиндагии ширину гуворо дорем.

Савол:-Аксари сарояндаҳо аз пушти зангҳои баҳудаю беҳудаи духтарон хонавайрон мешаванд. Хушбахтона, оилаи шумо то имрӯз устувор мондааст. Янгаро чӣ хел бовар мекунонед, ки маъшуқа надоред?

Зуҳро, аз ш. Панҷакент.

Ҷавоб:- Албатта зиндагӣ бе рашк намешавад. Солҳои аввал ҳамсари ман ҳам рашк мекард, хафа мешуд, вале бо мурури замон ба ӯ фаҳмондам, ки мавҷудияти мухлисдухтарон як ҷузъи ҳаёти мо, санъаткорон аст. Шукри Худо, ҳамсарам дигар рашку итоб намекунад.

Савол: Соли гузашта овозае паҳн гашт, ки Муҳаммадрафии Кароматулло зани дуюм гирифтааст. Ин гап рост аст?

Дилором, аз н. Восеъ.

Ҷавоб:-Маро ҳар сол яктогӣ зан медиҳанд. (Механдад) Албатта ин гуна овозаҳо дар гирди номи ҳунармандон зиёданд, вале ман зани дуюм гирифтанро ягон вақт ҳатто орзу накардаам.

Вазир шуданро орзу намекунам, вале… 

Савол: -Соҳаи фарҳанги мо саду як мушкилот дорад, агар вазири фарҳанг шавед, корро аз чӣ сар мекунед?

Фирӯза, мухлис.

Ҷавоб:-Бисёр саволи аҷиб. Ростӣ, орзу мекунам, ки вазир нашавам ва умуман ягон вазифа нагирам. Ман шахси эҷодкор ҳастам, вақте ки ба гардани эҷодкор бори масъулият меафтад, аз эҷодиёт дур мешавад…

-Тасаввур кунед, ки шумо вазир таъин карданд ва дигар роҳи қафо гаштан нест. Дар ин ҳолат чӣ кор мекунед?

Ман қариб 20 сол боз дар саҳна ҳастам ва тамоми мушкилоти ин соҳаро аз дарун медонам. Боварӣ дорам, ки аз уҳдаи ба танзим даровардани ин соҳа мебароям.

                                       Ба ситораҳои сохта бовар накунед!

Савол: -Қариб ҳамаи ситораҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ фаъоланд. Шумо дар кадом сомонаҳо саҳифаи худро доред?

Шаҳло, аз ш. Панҷакент.

Ҷавоб:-Қариб дар ҳамаи сомонаҳо саҳифа дорам, лекин ками дар кам медароям, чун вақти холигӣ надорам. Бадбахтона, бисёриҳо аз номи одамони машҳур саҳифа мекушоянду ҳар хел сафсатаҳоро навиштан мегиранд. Ба наздикӣ нафаре аз номи Нозия саҳифа боз намуда, бо мухлисон саволу ҷавоб кардааст, ҳол он ки худи Нозия аз ин чиз бехабар аст ва умуман саҳифа надорад. Барои ҳамин аз ҳамаи мухлисони азизи хеш ва хоҳарам хоҳиш мекунам, ки ба ситораҳои сохта бовар накунанд ва ба сайтҳои қалбакӣ надароянд.

Савол: Шумо ҳамчун ҳунарманд ба эҷодиёти хоҳаратон чӣ гуна баҳо медиҳед?

Ҷавоб:-Баҳои баланд медиҳам, чунки Нозия ҳунарманди касбӣ аст. Вай аз кӯдакӣ дар пайравии сурудҳои падарам тарона мехонд. Пас аз хатми мактаби мусиқӣ ман ба Консерваторияи миллӣ дохил шудаму Нозия ба Консерваторияи шаҳри Деҳлии Ҳиндустон. Худатон хуб медонед, ки санъат дар Ҳинд чӣ қадар пеш рафтааст. Вақте кас он ҷоро хатм мекунад, ба маънои томаш ҳунарманди касбӣ мешавад.

Савол:-Шумо дар баробари кори эҷодии худатон як ансамблро роҳбарӣ мекунед. Дар ҳамин хусус каме маълумот медодед?

Ҷавоб:-Қариб 10 сол мешавад, ки ман дар ансамбли эстрадии “Ориё” фаъолият дорам. 5 соли аввал ба ҳайси овозхон ва 5 соли охир ба сифати роҳбарии ансамбл. Дар тамоми чорабиниҳои давлатӣ ва сафарҳои ҳунарӣ ансамбли мо фаъолона иштирок мекунад, аз ҳамин хотир, талабот нисбат ба суруд хеле сахт аст. Устод Саидқул Билолов, Исматулло Саидов коргардони овоз ва акаи Шаҳобиддин ҳар як таронаи моро мӯшикофона аз ғалбер гузаронда, баъд иҷозати сабт медиҳанд.

Савол:-Солҳои охир таронаҳои каммазмун хеле зиёд шудаанд. Вақте ки эрод мегирӣ, ҳунармандон гуноҳро ба сари мардум бор карда мегӯянд, ки завқи мардум паст аст, суруди сабук мехоҳанд. Назари шуморо дар ҳамин бора донистан мехостем…

Ҷавоб:-Завқи мардум не, завқи худи ҳамон ҳунарманде паст аст, ки чунин сурудҳоро месарояд. Хушбахтона ин гуна сурудҳо умри дароз намебинанд, чунки бо мурури вақт мардум сараро аз носара ҷудо карда, моли хубро мепазиранд. Касоне, ки чунин сурудҳои аблаҳонаро месароянд, санъаткор не, ҳаваскор ҳастанд ва шуҳрати ин ё он ҳунармандро дида, мехоҳанд бо сурудҳои хасакӣ шуҳрат ба даст оранд, аммо тирашон хок мехӯрад.

Савол:-Дар охир ба мухлисонатон чӣ гуфтаниед?

Ҷавоб:-Сарбаланду хонаобод бошанд ва шоми 29-уми ноябр ҳатман ба Филармонияи Давлатии Тоҷикистон ташриф биёранд, то шоу-барномаи мо боз ҳам ҷолибтар гузарад.

Муваффақ бошед!

Шаҳло Ниёзова

Рустам Азимӣ

Р/С

Ба Муҳаммадрафии Кароматулло беш аз 100 савол омада буд, вале мо имкони дарҷи ҳамаи саволҳоро надоштем. Аз байни мухлисони сершумораш Муҳаммадрафӣ саволи ба гӯшаш гуфтаи духтаракеро аҷибтарин дониста, чиптаи консерташро ба ӯ ҳадя намуд. Духтарак аз ӯ чиро пурсид, инро фақат ҳамон мухлис медонаду Муҳаммадрафӣ!

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *