Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Пизишкиён. Аз таъкиди ҳамкорӣ дар иқтисод то  нақлиёт ва энергетика

Дар шаҳри Тянҷини Чин мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён баргузор гардид.

Эмомалӣ Раҳмон аз тамоюли афзояндаи мулоқоту тамосҳои сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, нақлиёти байналмилалӣ, илму фанновариҳо, кишоварзӣ ва тандурустӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Ҷонибҳо аз лағви раводид миёни ду кишвар истиқбол намуда, онро омили муҳими рушду густариши гардишгарӣ, тиҷорат, нақлиёт, фарҳанг ва тиб арзёбӣ карданд.

Ҳамзамон, дар робита ба вазъи мураккаби Ховари Миёна табодули назар сурат гирифта, ба таҳкими ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аҳамияти махсус дода шуд.

Президенти Тоҷикистон аз ҷонибдории Эрон ҷиҳати таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе изҳори сипос намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *