Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Ирфон Аҳмад вохӯрӣ намуд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Мусоҳибон зимни суҳбат робитаҳои дипломатии устувори байни ду давлатро, ки ҳанӯз соли 1992 барқарор шудаанд, ҳамаҷониба истиқбол намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки робитаҳои Тоҷикистон ва Покистон давоми 34 соли охир бо ташаббуси созандаи роҳбарияти олии ду давлат аз дараҷаи муқаррарии ҳамкорӣ то ба дараҷаи стратегӣ расиданд, ки ин дастоварди муҳим аст.
«Робитаҳои Тоҷикистон ва Покистон аз пайвандҳои маънавию таърихии ду мардуми дӯст, инчунин аз муносибатҳои бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф маншаъ мегирад. Дар натиҷаи муносибатҳои муваффақонаи ду ҷониб 96 санади ҳамкорӣ ба имзо расида, ҳаҷми гардиши солонаи мол низ байни кишварҳо афзуда, танҳо дар моҳи сентябри соли 2025 ба 53 миллион доллари амрикоӣ расидааст», – изҳор шуд дар мулоқот.
Таъкид гардид, ки Маҷлиси намояндагон ба густариши устувори ҳамкорӣ бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон манфиатдор мебошад. Барои мо муколама, мубодилаи сафарҳои расмии ҳайати гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Ҷиҳати ба пешравиҳо ноил гардидан талошҳои муштаракро идома хоҳем дод.
Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ҳолати имрӯзаи муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Покистон нишон медиҳад, ки ҳамкории мутақобилан судманд бо вуҷуди рушд дар марҳилаи доимии ҷустуҷӯи манфиатҳои муштарак қарор дорад. Барои пешбурди судманд ва мушаххас гардонидани муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва бахшҳои мухталифи иҷтимоиёт имкониятҳои фаровони то ҳол истифоданашуда зиёданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ