Сабзаалӣ, сабзи мунаввар гардӣ!

9-уми май, дар баробари Рӯзи Ғалаба, зодрӯзи дӯст, ҳамнафас ва ҳамқадами эҷодии ман – Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф аст. Ӯ ба камолоти 80 мерасад. Ин рақам зоҳир аст. Вале, агар ба ботини ӯ, ба асарҳояш нигарӣ, ҳамоно ӯро ҷавон дармеёбӣ.

Мо ҳар ду аз фазои фарҳангии Душанбе баҳра бурда, ба камоли эҷодӣ расидем. Душанбе дар вуҷуди мо ҳисси муҳаббат ба Ватан, ба санъатро бедор намуд: ман бо садо, ӯ бо ранг. Аммо дар асл, мо ҳамеша як забон доштем…

Сабзаалӣ аз зумраи рассомонест, ки нусхабардорӣ намекунад, ӯ ҳолат мекашад, инсонро чунон мебинад, ки ҳатто шояд худаш хештанро он гуна дида натавонад. Дар ҳар портреташ на танҳо симо, балки ботин зиндагӣ мекунад.

Рӯзе ӯ портрети маро кашид. Мегӯянд, ки он дар “Хонаи кино” аст. Ҳар боре, ки ба нусхаи дар телефон будаи он менигарам, ҳамон лаҳза ба ёдам меояд: гӯё замон як дам бозистода бошад. Он барои ман хотира аст, гуфтугӯ миёни ду эҷодкор, ки бидуни ҳарфе сурат гирифт.

Дар он акс мо ду нафарем, аммо дар миёнаамон асаре истодааст, ки аз ҳардуямон бештар сухан мегӯяд. Дасти дарозкардаи ману пазируфтани ӯ нишонаи эътимод аст. Гӯё бе ягон калима мегӯем: «Ман туро мефаҳмам».

Портрете, ки ӯ офарид, барои ман оина шуд. Ман дар он на танҳо худ, балки он ҳолатеро дидам, ки солҳо дар мусиқӣ меҷустам: хомӯшии пурмаъно. Он хомӯшие, ки дар дохили ҳар оҳанг зиндагӣ мекунад. Сабзаалӣ онро дид ва ба ранг табдил дод.

Бисёр вақт фикр мекардам: оё мусиқиро метавон тасвир кард? Ва ҷавобро дар кори Сабзаалӣ ёфтам.

Ӯ мусиқиро намекашад, онро мешунавад, яклухт мебинад ва баъд ба риштаи тасвир меорад. Гӯё садо дар фикри ӯ ба ранг табдил меёбад, оҳанг шакл мегирад ва эҳсос ба рӯйи коғаз менишинад.

Сабзаалӣ аз он насли нодири эҷодкорон аст, ки миёни ду замон қарор дошт: миёни анъана ва ҷустуҷӯ, миёни гузашта ва имрӯз. Ӯ ҳеҷ гоҳ ба осонӣ қонеъ намешавад. Ҳар кори ӯ савол аст. Ва ҳар саволи ӯ роҳ ба сӯйи қуллаҳои эҷодӣ.

Имрӯз, вақте ба 80 мерасад, ман дар ӯ пириро намебинам. Ман дар ӯ ба худ фурӯ рафтану дарёфтани хештанро мебинам. Зеро эҷодкор пир намешавад, ӯ фақат наздиктар мешавад ба он чизе, ки тамоми умр меҷуст.

Сабзаалӣ, дӯстам, он портрете, ки ту офаридӣ, танҳо хотира нест. Он як лаҳзаи зинда аст, лаҳзае, ки дар он ранг ва садо ба ҳам расиданд.

Ва шояд ҳамин аст маънои ҳақиқии дӯстӣ: вақте диле бо ранг мегӯяд он чиро, ки дили дигар бо садо эҳсос мекунад.

Ҷуз ин дуот нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфта:

«Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ!».

Дӯстат,

Толибхон ШАҲИДӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *