Муовини ректори Донишгоҳи тиббӣ 8 сол гирифт

Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Дилшод Солеҳов, муовини аввали ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро бо ҷурми “гирифтани пора дар ҳаҷми калон” ба 8 соли зиндон маҳкум кард. 

Ҳукми додгоҳ рӯзи 13-уми ноябр содир шуд. Вале пайвандони Солеҳов гуфтанд, ки бо ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва барои бозбинӣ ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.Мақомот муовини аввали ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро ба он айбдор карданд, ки ӯ охири моҳи августи соли равон гӯё барои шомил кардани як довталаб ба сафи донишҷӯён 16 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст. Як манбаи огоҳ аз парванда гуфтааст,ки  Дилшод Солеҳови 45-сола ба падари довталаб ваъда кардааст, ки ӯро ҳамчун “донишҷӯи хориҷӣ” бидуни имтиҳони Маркази тестӣ донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон хоҳад кард.“Падару писар дар додгоҳ шоҳидӣ доданд ва мақомот низ сабтҳои фаврии худро пешниҳод карданд, ки пора гирифтани Солеҳовро собит мекунад”, — афзуд мусоҳиби мо.​Шодӣ Сафаров, яке аз пайвандони Дилшод Солеҳов гуфтааст,ки  ҳукми додгоҳро қабул надоранд ва ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят мебаранд. Ба гуфтаи ӯ, “ҳасудон муваффақияти Дилшодро, ки ҳамчун олими ҷавон дар дохилу хориҷ шӯҳрат пайдо карда буд, дида натавонистанд ва ӯро мавриди тӯҳмат қарор доданд.” Ӯ афзуд, “амалан Дилшод он ҷавонро донишҷӯ накардааст ва пулро ҳам бо он мақсад нагирифтааст. Чанд далели бегуноҳии Дилшод ҳаст, ки додгоҳ онро ба инобат нагирифт. Умедворем, суди зинаи болоӣ онҳоро ба эътибор хоҳад гирифт”.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *