Гумонбари қатли тоҷирон боздошт шудааст

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, бо гумони даст доштан дар қатли зану шавҳари соҳибкор Мақсудҷон Иброҳимов ва Инобат Неъматуллоева дар манзилашон дар ҷамоати Унҷӣ як ҳамсояи онҳо дастгир шудааст.

Ин марди 41-сола шаби куштор бо мошини сиёшшишааш чанд бор аз кӯча убур карда, ба дурбини як камераи назоратӣ афтодааст.

Манобеи ғайрирасмӣ хабар додаанд, ки бо гумони даст доштан дар куштори бераҳмонаи зану шавҳари соҳибкори 60-сола Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва Инобат Неъматуллоева як марди 41-сола дастгир шудааст. Исми ин гумонбар ифшо нашудааст.

Гуфта мешавад, мақомот ӯро тариқи камераи назоратие, ки дар як кӯчаи назди хонаи соҳибкор насб шуда буд, ошкор ва дастгир кардаанд. Таҳқиқи сабти навори дурбини ин камера нишон додааст, ки ин мард бо сабукрави оинааш сиёҳ шаби куштори Муҳаммадҷонов ва Неъматуллоева чанд маротиба аз он кӯча гузаштааст. Ӯ он шаб рақами давлатии мошинашро гирифтааст, ки шубҳаи мақомоти тафтишотӣ нисбат ба вайро бештар кардааст.

Мақомоти тафтишотӣ ҳанӯз хабари боздошти гумонбари аввалин дар куштори ин зану шавҳари соҳибкор аз ҷамоати Унҷиро расман тасдиқ ё рад накардаанд.

Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва Инобат Неъматуллоева, ки дар бозори «Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд тиҷорат доштанд, шаби 17 ба 18 октябр дар манзилашон дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳадафи ҳамлаи ғоратгарон қарор гирифтаанд.

Ҷасадҳои дар хун оғӯштаи ин ду соҳибкорро бо дасту по ва даҳони бо скотч баста дар манзилашон дар ҷамоати Унҷӣ субҳи 18 октябр писарашон Амирҷон пайдо кардааст.

Амирҷон, писари Мақсудҷон ва Инобат гуфта буд, падару модараш одатан ҳар субҳ соати 5 аз хоб мехестанд. Амирҷон соати ҳафти субҳи 18 октябр, вақте мебинад, ки волидонаш ҳанӯз нахестаанд, ба ҳуҷраи онҳо медарояд ва мебинад, ки ҳарду дар хун оғӯштаанд.

Табибон баъди ташхис ба наздикони Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва Инобат Неъматуллоева гуфтаанд, ки ғоратгарон ҳардуро буғӣ карда куштаанд.

Ғоратгарон дасту пои ин зану шавҳарро бо скотч баста, пеш аз куштан хеле азият додаанд. Мақомот мегӯянд, мақсад аз ин шиканҷа зоҳиран маълум кардани ҷои пулу чизҳои қиматбаҳои ин хонавода будааст.

Дар раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд гуфтанд, ки аз манзили ин ду соҳибкори кушташуда 75 ҳазор доллар пули нақд ва дигар чизҳои қиматбаҳоро рабудаанд.

Дар пайи ин қазия мақомоти интизомии вилояти Суғд, барои тафтиши он гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таъсис доданд, ки то ҳол то ҳанӯз ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Маркази савдои «Шарқ» дар бозори «Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд аз они ин ду тоҷири кушташуда буд. Онҳо дар ин ҷо асосан матоъ ва сару либос мефурӯхтанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *