Тоҷикбача афсари пулисро корд зад

Як марди тоҷик дар шаҳри Любертсии вилояти Маскав лейтенанти хурди пулис ва шарики вайро латукӯб карда, ҳардуро корд задааст. Сабаби муноқиша рӯшан нест. Мақомот мегӯянд, сабаби муноқимаш «хусумати ногаҳон бавуҷудомада” будааст, вале аҷаб нест, агар корманди пулис ин муҳоҷири тоҷикро аз ҷонаш сер ва маҷбур ба ҳамлаву кордкашӣ карда бошад.

Шабакаи телевизионии «360” аз қавли манобеаш дар пулис хабар дод, ки як зодаи Тоҷикистон дар шаҳри Любертсии вилояти Маскав як афсари пулис ва шарики 21-сола ӯро бо корд захмӣ кардааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, лейтенанти хурди пулисро бо ҷароҳати корд аз ноҳияи камар ва шикамаш ба бемористон бурдаанд. Як қабурғаи ин афсари пулис низ дар ҷараёни занозанӣ бо муҳоҷири тоҷик шикастааст.

Дӯсти 21-солаи афсари пулис дар ҷараёни ин занозанӣ аз гардан, китф, қафаси сина ва панҷаи дасташ корд хӯрдааст.

Ба зидди муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми ҳамла ба намояндаи давлат ва қасдан расондани осеби ҷисмонӣ ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Вале далели аз гиребони афсари пулис ва шарики вай гирифтани ин марди тоҷик рӯшан нест. Манобеи телевизиони «360” дар пулис гуфтаанд, сабаби муноқиша «муносибатҳои хусуматомези ногаҳон бархоста байни ин се нафар” будааст.

Ҳамлаи муҳоҷирон ба кормандони пулис дар Русия ба сари худ ҳодисаи нодир аст ва маъмулан дар ҳолатҳое рух медиҳад, ки кормандони пулис хеле аз ҳад бигузаронанд.

Дар ин қазияи ҳамлаи муҳоҷири тоҷик ба афсари пулис дар Любертси низ розҳое ҳаст, зеро мақомот боисрор ба ин нукта таъкид мекунанд, ки ҳодиса дар рӯзи истироҳати афсари пулис рух додааст.

Муҳоҷирони тоҷик аз бархӯрди бади кормандони пулиси Русия, бахусус пулиси Маскав нисбат ба муҳоҷирон зиёд шикоят мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки кормандони пулис ҳангоми боздошт ва тафтиши асноди муҳоҷирони тоҷик онҳоро бе ягон асос таҳқиру дашном мекунанд, шарафи инсониашонро паст мезананд ва ришва талаб мекунанд.

Рӯзи 19 октябр ҳамин шабакаи «360” аз қавли манбааш дар мақомоти интизомии шаҳри Маскав хабар дода буд, ки як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро дар ғарби пойтахти Русия бо иттиҳоми латукӯби афсари пулис дастгир кардаанд.

Манбаи «360” гуфтааст, ки муҳоҷири тоҷикро шоми 18 октябр дар кӯчаи 2-я Рейсовая барои тафтиши ҳуҷҷатҳояш манъ кардаанд. Кормандони пулис гуфтаанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон ба амри онҳо итоат накард ва вақте хостанд боздошташ кунанд, бо мушт ба онҳо ҳамла овард.

Дар ҷараёни муноқиша муҳоҷири тоҷик ба рӯи сержанти 28-солаи пулис чанд мушти обдор задааст. Ин сержант маҷбур шудааст ба бемористон муроҷиат кунад. Табибон рӯи харошида ва осебҳои бардоштаи сержант аз гӯши рост, китф ва дасташро дармон карда, ӯро ҷавоб додаанд.

Сабаби чунин вокуниши тунди муҳоҷири тоҷик рӯшан нест. Кормандони пулис исрор меварзанд, ки ӯ ба амри онҳо итоат накард ва худаш аввал ба занозанӣ сар кард.

Аммо инки дар робита ба ин ҳодиса пулис санҷиши хидматиро оғоз кардааст, нишон медиҳад, ки асли қазия на ба гунаест, ки кормандони пулис мехоҳанд тасвир кунанд. Худи ин ки як муҳоҷири танҳо чӣ гуна метавонист ду корманди ҳузарби пулисро латукӯб кунад, суолбарангез аст. Эҳтимол меравад, ки кормандони пулис ҷавони тоҷикро сахт таҳқир кардаанд, ки ӯ аз ҷонаш сер шуда, ба сари онҳо даст бардоштааст.

Аз он пеш рӯзи 28 сентябр додгоҳи вилояти Свердловски Русия Б., старшинаи собиқи пулиси шаҳри Берёзовский, воқеъ дар канори шаҳри Екатеринбургро бо ҷурми берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ бо истифода аз силоҳ бар асоси қисми сеюми моддаи 286-уми Кодекси ҷиноятии Русия ба 4 соли зиндони ниҳомаш умумӣ маҳкум кард. Ба гуфтаи додгоҳ, кормандони пулиси шаҳри Берёзовский дар ҳолатии мастӣ Ш. ном як шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистонро шаби 1 июл дар истгоҳи Максим Горкий дастгир карда, хостаанд, ки бо вай як каме «дилхушӣ” кунанд.

Онҳо шаҳрванди тоҷикро ба «мишень” ё- ҳадафи зинда табдил дода, маҳорати тирпарронии худ аз пистолети травматикиро дар бадани вай машқ кардаанд. Афсарони пулис дунбаи муҳоҷирро чӯт мегирифтанд, вале тири якеи онҳо хато рафта, ба сари ӯ задааст.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1987 ба бемористон муроҷиат кардааст. Ташхиси табибон нишон дод, ки ӯ аз ноҳияи сараш захми тир бардошта, мағзи сараш низ ҷумбидааст. Маъмурияти бемористон бар асоси қонун дар бораи ин ҳодиса ба пулис хабар дод ва ба зидди афсаре, ки бо муҳоҷири тоҷик чунин «дилхушӣ” кардааст, парванда кушоданд.

Б. дар ҷараёни мурофиа гуфтааст, ки қасди осеб расондан ба муҳоҷири тоҷикро надошт, балки … шӯхӣ карданӣ буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *