Мураббии сол дар Душанбе муайян шуд

Мураббии Муассисаи таҳсилоти томактабии №136-и ноҳияи Сино Зиёдамо Шарипова ғолиби даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2025» гардид.

Тавре аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, мураббии беҳтарин дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ин озмун ҳамасола бо мақсади боло бурдани мақому манзалати мураббиён, тақвияти малакаи касбӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгорону мураббиёни соҳаи маориф баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *