$767 миллион барои воридоти сӯзишворӣ
Хароҷоти моҳонаи Тоҷикистон барои хариди маводи сӯхт аз кишварҳои хориҷӣ ба ҳисоби миёна ба 110 миллион доллар мерасад. Дар ҳафт моҳи аввали соли равон ҳаҷми умумии воридоти сӯзишвории минералӣ ва маҳсулоти нафтӣ ба кишвар қариб 767 миллион долларро ташкил додааст. Ин омор дар асоси маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Манбаъҳои асосии сӯзишворӣ
Қисми зиёди маводи сӯхти воридшаванда аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, пеш аз ҳама Русия ва Қазоқистон ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд. Ин ду кишвар солҳост, ки таъминкунандаи аслии сӯзишворӣ барои Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Воридоти маводи сӯхт ба Тоҷикистон бо вуҷуди имтиёзҳои гумрукӣ дар доираи ҳамкориҳои дохили ИИАО, ҳамоно хароҷоти калонро талаб мекунад. Ба ҳисоби миёна, ҳар моҳ тақрибан 110 миллион доллар танҳо барои таъмини бозори дохилӣ бо сӯзишворӣ сарф мешавад.
Аз вобастагӣ то хатарҳои эҳтимолӣ
Ба андешаи коршиносон, вобастагии баланд ба маҳсулоти воридотӣ, бахусус дар бахши муҳими иқтисодӣ, ба монанди энержӣ, Тоҷикистонро дар ҳолатҳои тағйирёбии нархи ҷаҳонии нафт ё ноустувории сиёсиву иқтисодӣ дар кишварҳои таъминкунанда, осебпазир мекунад. Бо назардошти вазъи геополитикӣ дар минтақа ва таҳаввулоти ҷаҳонӣ, кам кардани вобастагии энергетикӣ метавонад яке аз самтҳои стратегии рушди устувори кишвар бошад.
Таҳлилгарон тавсия медиҳанд, ки барои таъмини амнияти энергетикӣ ва иқтисодии кишвар, Тоҷикистон бояд дар чанд самт фаъолона иқдом кунад. Пеш аз ҳама, гуногунсозии манбаъҳои воридот – таваҷҷуҳ ба дигар таъминкунандагони эҳтимолӣ, ба мисли Туркманистон, Эрон…
Рушди инфрасохтори дохилӣ, аз ҷумла захирагоҳи стратегӣ ва эҳтимоли коркарди маҳсулоти нафтӣ дар дохили кишвар аз омили дигар имкони коҳиш аз вобастагии сӯзишворӣ аст.
Дар шароити имрӯз, тақвияти сиёсати энергетикӣ ва таҳкими амнияти иқтисодӣ яке аз самтҳои муҳими рушди кишвар маҳсуб меёбад. Коршиносон чунин мешуморанд, ки маводи сӯхт ҳамчун муҳаррики иқтисоди миллӣ набояд танҳо ба воридот вобаста бошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ