Интиқоди Рустами Эмомалӣ аз кори судяҳо, кашолкории баррасии парвандаҳо ва сатҳи ҷинояткорӣ дар пойтахт

19-уми август ҷаласаи назоратӣ таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт доир гардид. Гуфта мешавад, ки мақсади баргузор гаштани ҷаласаи мазкур баррасии масъалаҳо вобаста ба вазъи ҷинояткорӣ, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, вазъи мубориза бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва андешидани чораҳои таъхирнопазир ҷиҳати беҳтар кардани фаъолияти сохторҳои дахлдор гуфта шуд.

Кашолкории парвандаҳо

Дар ҷаласаи мазкур зимни ҳисоботи раиси Суди шаҳри Душанбе мушкилоти соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар идома шаҳрдори Душанбе аз кори судяҳо интиқод карда, гуфтааст, ки онҳо дар баррасии парвандаҳо ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд. Ӯ таъкид кардааст, нисбати судяҳое, ки ба амалҳои ғайриқонунӣ даст зада, шаъну эътибори додрасро паст мезананд, чораандешӣ карда шавад.

Дар ин бора хабаргузории “Ховар” бо истинод ба шуъбаи иттилооти шаҳрдории Душанбе иттилоъ додааст.

Тибқи иттилои расмӣ, Рустами Эмомалӣ зикр кардааст, ки “ин ҳолат боиси норозигии шаҳрвандон мегардад ва бояд пеши роҳи ин амалҳо ҳарчи зудтар гирифта шавад”.

“Ҳамчунин таъкид гардид, ки нисбат ба судяҳое, ки ба амалҳои ғайриқонунӣ роҳ медиҳанд ва шаъну эътибори судяро паст мезананд, чораандешӣ карда шавад”,- омадааст дар хабари расмӣ.

Пешгирии ҷинояткорӣ

Дар ин ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба вазъи ҷинояткорӣ, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ, истифодаи дурусти маблағҳои буҷетӣ ва чораандешӣ ҷиҳати беҳтар кардани фаъолияти сохторҳои дахлдор баррасӣ шудаанд.

Ба иттилои “Ховар” нахуст Мизробшоҳ Абдураҳмонзода, прокурори шаҳри Душанбе вобаста ба вазъи ҷинояткорӣ ҳисобот додааст.

Рустами Эмомалӣ ба прокурори пойтахт ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, пешгирии ғасби ғайриқонунии замин, сохтмонҳои худсарона ва ташкили санҷишҳои беасос супориш додааст.

Дар идома, шаҳрдори пойтахт баъди шунидани ҳисоботи Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастур додааст, ки дар самти таъмини амният, тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо фаъол бошанд.

“Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои сар задани сӯхтор ва ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиёт корҳоро ҷоннок намуда, дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшанд”,- навиштааст манбаъ.

Таълими ғайриқонунии динӣ

Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи назоратӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт инчунин аз зиёд шудани теъдоди нафароне, ки таълимоти ғайриқонунии динӣ мегиранд, изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, беш аз 80 фоизи таълимгирандагон ҷавонони то 30-сола будаанд.

Дар ин асос ба Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе супориш додааст, ки ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пешгирии таблиғи фарҳанги бегона чораандешӣ кунанд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ҷаласа ҳисоботи сардори Раёсати Агентии мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои молиявӣ дар шаҳри Душанбе низ шунида шудааст. Таъкид шудааст, ки ин ниҳод ҷиҳати пешгирӣ ва коҳиши сатҳи фасод дар ҷомеа фаъолиятро ҷоннок кунад.

Инчунин роҳбарони Раёсати минтақавии гумрукӣ, Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон, Раёсати КҲФ ва Комиссариати ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе оид ба фаъолияти ин ниҳодҳо ҳисобот додаанд.

Рустами Эмомалӣ дар охир ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт супориш додааст, ки барои пешгирии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо байни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, “барои тоза кардани сафи кормандони сохторҳо аз кадрҳои тасодуфӣ” чораандешӣ кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *