Наимҷони Сайдалиро дар рӯзи тӯяш милиса бурд?

-Салом Наимҷон! Худатон ҳастед ё ягон Наимҷони сохта?

-Воалайкум вассалом! Наимҷони Сайдалӣ ҳастам, дӯсти қарини шумо!

-Вақтҳои охир  чунон Наимҷонҳо дар Интернет бисёр шудаанд, ки кас сарҳисоби корашро гум мекунад. Аз ҳамин сабаб тарсидем, ки мабодо бо ягон Наимҷонҳои «фалшивый» суҳбат карда, дар саҳифаи газета ҷой надиҳем, ки пагоҳ аз гиребонамон бигиред…

-Аз бӯйи гапатон маълум, ки боз ягон хабари ҳангомавиро шунидаед. Хӯш, канӣ гап занед, чиро донистан мехоҳед?

-Шунидем, ки дар рӯзи тӯятон шуморо ҳамроҳи арӯсатон ба милисахона бурдаанд…

-Эҳе, шумо журналистон маро аллакай зан додаеду худам бехабар!

-Мо, рӯзноманигорон не, мардум дар бораи шумо ҳар хел  гапу калочаҳоро паҳн мекунанд. Як бор саратонро аз оинаи мошинатон берун кунед, баъд мефаҳмед, ки дар бораатон чиҳо мегӯянд?

-Чиҳо мегӯянд?

-Мегӯянд, ки Наимҷон бар хилофи қонун дар бораи манъи никоҳи хешу таборӣ рафтор намуда, духтари холаашро ба занӣ гирифтааст, барои ҳамин ӯро дар рӯзи тӯяш милисаҳо пешандоз карда бурдаанд…

-Ҳамин гапро шунида, шумо дарҳол ба ҷустуҷӯйи банда афтидед-а?

-Албатта. Вазифаи мо, журналистон ҳамин-расонидани хабари сареъ ва дақиқ ба мардум аст.

-Беҳтараш маро ба ҳоли худам гузошта, дар бораи марги Субҳони Саид нависед. Раҳматӣ ҳунарманди маъруфу овозадор буд…

-Хавотир нашавед, дар бораи Субҳони Саид мо ҳафтаи гузашта навишта будем. Гапро ғоз надода бигӯед, ки шуморо ба кадом шуъбаи милиса бурданд ва чанд шабонарӯз ҳабс карданд?

-Рустамҷон, ба Худо қасам, ки тӯйи домодӣ надоштам. Нияти ба занӣ гирифтани духтари холаамро ҳам надорам.

-Магар бо хешу таборатон муносибати хуб надоред?

-Шукри Худо муносибатамон хуб аст, вале ман факултаи ҳуқуқшиносиро хатм кардаам ва дидаю дониста қонуншиканӣ карданӣ нестам.

-Шумо ҳар сол мухлисонатонро ба умед мекунед, ки ҳамин сол хонадор мешаваму ҳамаатонро ба тӯям хабар мекунам, вале ба қавлатон намеистед. Бечора Баха-84- то ҳол интизор аст, ки кай Наимҷон зан мегираду ман аз ӯ дуо гирифта, аз пасаш ҷомаи домодӣ мепӯшам. Шумо-ку чанд арӯс доред, вале диламон ба Баха-84 месӯзад, ки аз рӯйи як қасами бародарона хонадор шуда наметавонад.

— Эҳ, қасами мо як шӯхии дӯстона буд! Пойи Баха ба пойи ман бастагӣ нест-ку, зангир бошад, гирифтан гирад!

-Баха марди сухан аст, вақте қасам хӯрд, қавлашро намешиканад.

-Ин хел бошад, ба хотири дӯстам ҳамин сол хонадор мешавам, то ки пеши бахти Баха-84 кушода шавад. (механдад)

-Рамазон ҳам гузашт, имсол низ чун солҳои қаблӣ Наимҷон 40 рӯз эътикоф нишаста буд?

-Имсол 40-рӯз неву 20 рӯз эътикоф нишастам. 20 рӯзи дигари рамазонро ба эҷоди таронаҳои нав бахшидам.

-Гуфтагӣ барин, чаро баъди консерти моҳи мартиатон якбор аз саҳна ғайб задед?

-Дар хориҷа будам. Дар шаҳрҳои Москваю Екатеринбург ва дар Қазоқистон консерт додам, таронаҳоямро клип кардам.

-Аллакай чанд клипатонро тамошо кардем, олӣ баромадаанд!

-Мухлисон ҳам занг зада раҳмат гуфтанд. Хурсанд шудам, ки клипҳоям ба мардум хуш омадаанд.

-Як шиносатон гуфт, ки Наимҷон аз ҳисоби маблағи аз тӯйҳо ба даст овардааш чанд мағозаро харида шахсӣ кард, акнун кордаш дар болои равған аст…

-Чандто не, ҳамагӣ ду мағоза харидам, ҳардуяш дар шаҳри Душанбе. Даромадашон чандон калон набошад ҳам, ба ҳар ҳол бад нест.

-Дастаи «Парвин» чӣ ҳол дорад?

-Дастаи «Парвин» соли гузашта дар лигаи дуюм баромад мекард. Шукри Худо, имсол ба лигаи якум баромадем. Ҳоло дастаи мо яке аз дастаҳои беҳтарини кишвар ба ҳисоб меравад.

-То имрӯз чанд командаро мағлуб кардеду дар чанд вохӯрӣ бозиро бой додед?

-Дастаҳои «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ, «Чашма»-и Шаҳритуз, «Ваҳдат»и шаҳри Вахдат, «Кӯктош» -ноҳияи Рӯдакиро мағлуб кардем. «Парвин» имсол танҳо ба як даста бозиро бой дод-Помир-Душанбе. Рӯзи 20-уми июл бо дастаи «Ҳулбук»-и Кӯлоб ва 24-ум бо командаи «Ҳосилот»-и Фархор бозӣ дорем.

-Дар як барномаи радиёӣ ҳар ҳафта сурудҳои сарояндагонро ба риштаи танқид мекашанд. Ҳафтаи гузашта суруди Фирӯза Ҳафизова «Мо тоҷикем»-ро чунон сахт танқид карданд, ки агар ман ба ҷои Фирӯза мебудам, аз баҳри санъат мегузаштам. Шумо танқидро чӣ хел қабул мекунед?

-Ман аз танқид намеранҷам, чунки танқид набошад, мо, санъаткорон пеш намеравем. Вақте эрод мегиранд, пас дар суруд камбудӣ ҳаст ва онро бояд ислоҳ намуд.

 -Мухлисонатонро кай бо барномаи нави консертиатон шод месозед?

-Насиб бошад, ба шарафи ҷашни истиқлолият, рӯзи 9-уми сентябр дар Амфитеатр консерт доданиям. Ҳоло ҳама кӯшишу ғайратамро барои дар сатҳи олӣ гузаронидани ҳамин барнома равона карда истодаам.

-Комёб бошед!

Рустам Азимӣ.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *