Дар Тоҷикистон дар як рӯз 7 ҳазор тонна ангишт мебароранд

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ  барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017,  барои таъмини Маркази барқу-гармидиҳӣ бо ангишт,  дар вохӯриҳо зарурат ва моҳияти супориши мазкурро фаҳмонида, бо роҳбарони корхонаҳои зертобеъ ва соҳибкорони ватанӣ, дастурҳои мушаххас дода истодааст.
То  имрӯз корхонаҳои соҳаи ангишт, истихроҷи ангиштро  ба миқдори зиёда аз 500 ҳазор тонна расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 177 ҳазор тонна зиёд  мебошад.
Тавре аз котиботи  Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд, ҳоло  дар анборҳои корхонаҳои соҳа ва нуқтаҳои фурӯш зиёда аз 170 ҳазор тонна ангишт мавҷуд аст ва муштариён метавонанд  аз ин нуқтаҳои фурӯш ва анборҳои корхона харидории  ангиштро ба роҳ монанд.
Бояд зикр кард, ки  истихроҷи шабонарўзии ангишт  ба 4 500- 7 000 тонна расонида шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.