Ҷавоҳиротдуздон

  Дар ноҳияи Панҷ шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии зани 66-солаи сокини ҳамин ноҳия шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 5200-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

  Бо бурдани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 23-солаи сокини ноҳияи Панҷро бо гумони даст доштан дар ҷинояти дуздӣ  дастгир намуданд.

  Дар ШВКД дар шаҳри Қурғонтеппа низ як ҳолати дуздӣ ба қайд гирифта шуд. Сокини шаҳри мазкур, марди 36-сола дар он хусус муроҷиат намудааст, ки рӯзи шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 5000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

  Аз ҷониби кормандони милитсия гумонбари ин ҷиноят, ҷавони 17-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа, ки қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст,  дастгир карда шуд.

  Нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.